НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад

Март 11, 2026 09:06

ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар халқияту миллат ҷашнҳои қадимию аҷдодӣ ҳамчун рамзи ҳувият, эҳёи табиат ва умеди ояндаи равшан ҷойгоҳи махсус доранд. Барои мардуми тоҷик яке аз чунин ҷашнҳои муқаддас ва оламафрӯз Наврӯз аст. Наврӯз ҷашни зиндагисозест, ки ҳазорсолаҳо пеш пайдо шуда, то имрӯз ҳамчун рамзи навшавии табиат, покӣ ва ҳамбастагӣ боқӣ мондааст. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз на танҳо ҷашн, балки фалсафаи зиндагӣ, ҳамбастагӣ бо табиат, дӯстӣ, адолат ва умед ба оянда аст.

-Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ба муҳимтарин ҷашни  давлатамон табдил ёфт ва имрӯз бо шукуҳу шаҳомати беназир таҷлил карда мешавад. Ин шукуҳро пеш ва беш аз ҳама ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста кардан мумкин аст, зеро Сарвари давлатро  имрӯз барҳақ ҳамчун “Пешвои Наврӯз” шинохтаанд. Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ беандоза буда, бо саъю талоши пайвастаашон Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Наврӯз ҷашни сирф мардумӣ ва табиӣ буда, ба ҳеҷ дину мазҳаб алоқаманд нест, балки бо ҳаёти инсон ва табиат робитаи ногусастанӣ дорад. Дар паёмҳои шодбошии ҳарсола Пешвои миллат ба ҷойгоҳу манзалати ҷашни Наврӯз ва рисолати таърихии он баҳои баланд медиҳанд. Тавре ки дар яке аз он паёмҳои шодбошӣ таъкид намудаанд, «мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад». Ин суханон ҳақиқати таърихиянд, зеро ҳатто дар замонҳои душвор Наврӯз дар дилҳои мардуми тоҷик зинда монд ва имрӯз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин чунин ҷойи дигаре иброз медоранд, ки «Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин ва ҷаҳонбинии миллатамон буда, давоми мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст».

Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии Наврӯз низ беандоза аст. Ин талошҳо боиси он шуданд, ки 30 сентябри соли 2009 Наврӯз бо 76 унсури ғайримоддии худ аз кишварҳои гуногуни дунё ба рӯйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардид. Қарори ворид намудани 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 давлати иштирокчии Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд. Ҳамзамон 18 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳошияи моддаи 49-и рӯзномаи ҷаласа, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон» — ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Мувофиқи ин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи санаи  21 март ҷашн гирифтани Наврӯз ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қарор қабул карда шуд.

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд кишвари ҳавзаи фарҳангии Наврӯз соли 2016 ҷашни Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳангии ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО сабти ном гардид. Талошҳои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз сабаб гардид, ки онҳо дар якҷоягӣ ба таври расмӣ ҷашн гирифтани онро ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намоянд. Соли 2010 пас аз ҷаҳонӣ шудан Наврӯз бори нахуст 26 ва 27 марти соли 2010 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷлил гардид. Дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2011 Наврӯз дар зодгоҳаш — Тахти Ҷамшеди Эрон баргузор гардад. Ин пешниҳод пазируфта шуда, соли 2011 бори дуюм сарони кишварҳо дар Эрон Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд. Ва пас аз таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз тасмим гирифтанд, ки таҷлили 3-юми ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Тоҷикистон баргузор карда шавад, ки он дастгирӣ пайдо намуд. Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз тасмими роҳбарони сатҳи олии кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз доир ба таҷлили 3-юми ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Тоҷикистон сарони давлатҳо ва аҳли илму фарҳанги ин кишварҳоро барои  иштирок дар тантанаҳои наврӯзии соли 2012 ба сарзамини зархези мо даъват намуданд. 25 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе 3-юмин Рӯзи байналмилалии Наврӯз бо иштироки  сарони давлатҳо ва меҳмонони олимақоми  беш аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ таҷлил гардид.

Ҳамзамон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ иншооти бузурги миллӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки шукуҳу шаҳомати шаҳри Душанберо боз ҳам рангинтар намудаанд. Иншооти ба номи Наврӯз гузошташуда имрӯзҳо ба маркази ҳамоишҳои бузурги давлативу ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Аз ҷумла, соли 2011 Наврӯзгоҳ, ки дар пойтахти мамлакат бузургтарин ҷашнгоҳ аст, пешкаши мардум шуд. Онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Наврӯзгоҳ» номида, гуфта буданд, ки «ин майдон ва иншооти атрофи он, ки 28 гектарро дар бар мегирад, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо сарфи қариб 32 миллион сомонӣ имрӯз дар хизмати мардуми пойтахт ва меҳмонони он омода шудааст ва дар он барои гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангиву фароғатӣ тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла тамошогоҳ бо 8000 ҷои нишаст, толори варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона ва дигар утоқу биноҳои ёрирасон дар сатҳи баланд пешбинӣ шудаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин маҷмааи муҳташам саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда, ба хотири бузургдошти зеботарин ҷашни миллиамон – Наврӯз пешниҳод менамоям, ки он «Наврӯзгоҳ» номгузорӣ гардад».

Баъдан, 19 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи нави «Наврӯзгоҳ», ки дар 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди истифода қарор гирифт. Маълум шуд, ки боғи «Наврӯзгоҳ» дар байни Қасри миллат ва майдони «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам менамояд. Инчунин соли 2015 китоби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Наврӯз – шиносномаи миллат» нашр шуд, ки он аксар суханрониҳои Пешвои миллатро дар бар мегирад. Ин суханрониҳои наврӯзӣ моломол аз меҳру муҳаббат нисбат ба Наврӯзи оламафрӯз ва саршор аз тарғиби омолу рафтори ҳамидаанд.

Дар солҳои истиқлолият якчанд суннатҳои наврӯзӣ эҳё шуданд, ки ҳоло ҳам мислаш дар дигар кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз мавҷуд нест. Аз ҷумла, баргузории «Корвони Наврӯзӣ», «Сайри гули лола» ва ғайраҳо.

Имрӯзҳо бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз оғоз гардидааст. Ин марказ дар оянда ҳамчун маркази таҳқиқотӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ хизмат намуда, арзишҳои наврӯзиро ҳифз карда, ба наслҳои оянда интиқол хоҳад дод. Пешвои миллат бо ин ташаббусҳо на танҳо Наврӯзро эҳё намуданд, балки онро ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ба ҷаҳон муаррифӣ доранд.

Таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз имрӯз на танҳо ҷашн, балки воситаи тарбияи наслҳои нав, рушди сайёҳӣ ва рамзи ҳамкории байналмилалӣ гардидааст. Дар ин замина дар аммлакат теъдоди асарҳои илмӣ дар бораи Наврӯз афзуда, ҳофизаи таърихии халқи тоҷик эҳё гардид. Ин ҷашн имрӯзҳо ҳамчун бренди миллии Тоҷикистон шинохта шуда, диққати ҳазорон сайёҳро ҷалб мекунад. Беҳуда нест, ки «Тоҷикистон — ватани Наврӯз аст» мегӯянд. Пешвои миллат бо сиёсати оқилона нишон доданд, ки ҳифзи мероси аҷдодӣ ва муаррифии он дар ҷаҳон асоси пешрафти миллат аст. Бо баракати ин сиёсат мо имрӯз бо ифтихор мегӯем, ки «Наврӯз — ҷашни ҷаҳонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои Наврӯз мебошанд!»

Дилафрӯз ДОСТИЕВА,
ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 11, 2026 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон