Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Метавон бо сарбаландӣ гуфт, ки дар талошҳои чанд мамлакати ҳамзабону ҳамфарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар сафи пеш қарор дошт ва дар ҷаҳонишавии Наврӯзи бостонӣ саҳми арзанда гузошт. Бо шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврӯз муҳимтарин суннатҳои писандида ва неки наврӯзӣ эҳё гардиданд. Моро зарур аст, ки таърих ва анъанаҳои Наврӯзро ҳарчи бештар ва амиқтар омӯзем. Чунин таъкид намудаанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
— Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои фарҳангии мардуми форсизабон ва бисёр халқҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ин ҷашн ба фарорасии соли нави хуршедӣ ва эҳёи табиат алоқаманд буда, рамзи оғози давраи нави ҳаёт дар табиат ва ҷомеа арзёбӣ мегардад. Бо фаро расидани Наврӯз табиат аз хоби зимистона бедор шуда, замин сабз мегардад, дарахтон гул мекунанд ва зиндагӣ ранги тоза мегирад. Маҳз ҳамин бедории табиат ба инсон низ илҳоми зиндагии нав ва бедории маънавӣ мебахшад.
Наврӯз на танҳо ҷашни мавсимӣ, балки падидаи муҳими фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар байни халқҳои ҳавзаи тамаддуни форсӣ ва ҷаҳон мебошад, ки аз умқи таърих сарчашма мегирад. Давоми асрҳо ин ҷашн ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардумон хизмат кардааст. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз бо анъанаҳои зебо, ойинҳои қадимӣ ва расму ойини пурмазмун таҷлил мегардад.
Омодасозии дастархони идона, поксозии хона ва муҳити зист, инчунин эҳтиром ба калонсолон аз ҷумлаи суннатҳои муҳими ҷашни Наврӯз ба ҳисоб мераванд, ки дар фарҳанги тоҷикон аҳамияти махсус доранд. Ин ҳама амалҳо рамзи покӣ, равшанӣ ва умед ба ояндаи нек мебошанд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёр давлатҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни покизагӣ, меҳрубонӣ ва дӯстӣ низ муаррифӣ мегардад. Пеш аз омадани Наврӯз мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, либосҳои нав мепӯшанд ва бо нияти нек ба истиқболи баҳор мебароянд. Ин амалҳо рамзи пок кардани дилу ният ва оғози зиндагии нав дар соли нави тоҷикии форсӣ мебошад. Ҳамчунин дар рӯзҳои Наврӯз анъанаҳои зиёде иҷро карда мешаванд: омода намудани суманак, ҳафтсин ё ҳафтшин, бозии миллӣ ва дидорбинӣ бо хешу табор. Ҳамаи ин расму оинҳо ба муттаҳидии мардум, эҳтироми табиат ва қадршиносии зиндагӣ мусоидат мекунанд ва инсониятро ба ҳамгироии бештар, росткирдорию дурустрафторӣ ва шодмонӣ ҳидоят месозанд.
Аз нигоҳи илмӣ Наврӯз ба падидаи астрономии эътидоли баҳорӣ рост меояд, ки дар он шабу рӯз дар тамоми кураи Замин қариб баробар мегарданд. Ин падида оғози фасли баҳор ва марҳилаи нави ҳаёт дар табиатро ифода менамояд. Маҳз ҳамин падидаи табиӣ оғози фасли баҳор ва давраи нави ҳаётро дар табиат нишон медиҳад. Бедоршавии замин, сабзиши растаниҳо ва зиндашавии муҳити табиӣ- ҳама ба оғози марҳилаи нави биологӣ дар табиат ишора мекунанд. Наврӯз – ҷашни гиромии мардумони ориётабор бо рангу бӯйи хосааш дили ҳар инсонро мунаввару муаттар месозад. Наврӯз танҳо оғози як сол нест, балки рамзи покизагӣ, эҳё ва шуруи дубора аст. Наврӯз ба асрҳои бостон мерасад. Риштаи ин ҷашн бо ойинҳои бузургону фармонравоён ва ҳакимони ориёӣ ва хуросониён пайванд хӯрдааст. Аз замони Ҳахоманишиҳо то кунун Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангӣ бо суннатҳо ва анъанаҳои таърихӣ ҳамроҳ шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Давоми садсолаҳо ин ҷашн тавонист дар баробари тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоӣ истодагарӣ намуда, ҳамчун нишонаи ҳувияти миллӣ боқӣ ва пойдор бимонад.
Аз нигоҳи фалсафӣ Наврӯз ҳамчун рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ маънидод карда мешавад. Ин ҷашн инсонро ба покизагӣ, эҳёи маънавӣ ва оғози марҳилаи нави зиндагӣ раҳнамоӣ менамояд. Ин ҷашн ба инсон меомӯзад, ки ҳаёт мисли фаслҳои сол давр мезанад ва пас аз ҳар зимистони сард баҳори пуршукуфа хоҳад омад. Наврӯз бо ҳама ҷашну ойинҳояш ба мо меомӯзонад, ки бояд дилро аз кина пок кард, хонаву кошонаро тоза намуд ва ба истиқболи рӯзгори нав рафт. Наврӯз танҳо ба тағйирёбии фаслҳо матраҳ нест, балки ин ҷашн рамзи такомули руҳи инсон низ маҳсуб мешавад. Вақте ки табиат аз хоби зимистона бедор мешавад, инсон низ бояд аз ғафлат бедор гардад. Фалсафаи Наврӯз ба мо меомӯзад, ки ҳаёт давраи доимӣ дорад – марг ва зиндагӣ, хоб ва бедорӣ, ноумедӣ ва умед, ки пайваста дар канори ҳам қарор доранд. Маҳз дар айёми Наврӯз инсон бештар ба ин андешаҳо машғул мешавад ва кӯшиш мекунад, ки дар дафтари нави ҳаёт саҳифаи наверо бо некӣ оғоз намояд.
Аз ин лиҳоз, Наврӯзро метавон ҳамчун мактаби ҳикмат баррасӣ кард. Ҳикмате, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондааст ва имрӯз низ барои зиндагии осоишта ва пурмазмун ба мо кумак мерасонад. Ниёгони мо бовар доштанд, ки ҳар коре, ки дар Наврӯз анҷом дода мешавад, дар тамоми сол ҳамон гуна идома хоҳад ёфт. Аз ин рӯ кӯшиш мекарданд, ки дар айёми Наврӯз танҳо ба корҳои нек ва писандида машғул шаванд, то тамоми сол барояшон некӣ ва хайрро ба армуғон оварад. Ин ҳикмат имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст: агар мо солро бо покӣ ва некӣ оғоз кунем, тамоми сол бароямон хуб хоҳад гузашт.
Яке аз муҳимтарин унсурҳои Наврӯз тозагӣ ва покӣ мебошад. Мардум пеш аз фаро расидани ин ҷашни бузург хонаҳои худро тозаву пок мекунанд, либосҳои нав мепӯшанд ва ҳатто дилҳои худро аз кинаву адоват пок месозанд. Ин тозагӣ танҳо ҷисмонӣ нест; он тозагии руҳ ва маънавиёт аст. Вақте ки мо ғубори хонаро тоза мекунем, гуё ғубори дилро низ тоза менамоем. Вақте ки либоси тоза мепӯшем, гӯё руҳи худро низ навсозӣ мекунем. Тозагии руҳ дар Наврӯз маънои амиқи фалсафӣ дорад. Гӯё инсон бо тоза кардани хона ва атрофи худ ба табиат пайваст мешавад. Табиат худ тозагӣ ва покизагиро дӯст медорад. Борон, ки дар фасли баҳор меборад, заминро тоза мекунад ва намунаи он тозагии ҳаво ва сабзиши гиёҳон аст. Инсон бо тозагии хона ва дили худ ба ин ҳаракати табиат ҳамроҳ мешавад. Дар таърих омадааст, ки мардуми ориёӣ ба покизагӣ аҳамияти бузург медоданд. Дар «Авесто», ки китоби муқаддаси ориёиён аст, покизагӣ яке аз шартҳои асосии зиндагӣ дониста шудааст. Наврӯз бо анъанаҳои тозагӣ ва покизагӣ идомаи ҳамин ҳикмат ва таълимот аст ва ба мо хотиррасон мекунад, ки покизагии бадан, хона ва муҳити зист барои саломатии руҳ ва ҷисм зарур аст.
Дар фарҳанг ва адабиёти миллати тоҷик шоирону нависандагони тавоно ва мутафаккирон ба ҳикмат ва фалсафаи Наврӯзи куҳан рӯй оварда, наврӯзро ба ҳайси рамзи огоҳӣ, бедорӣ, ҳамгироӣ, растагорӣ ва масири осоиши равону хотири шод, сулҳу дӯстӣ ва оғози корҳои ободониву созандагӣ дар афкор ва зеҳни худ таҷассум намудаанд. Дар мавриди ҳикмати саодатбахши Наврӯз Саъдии Шерозӣ гуфтааст:
Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз.
Баҳоре хуррам аст, эй гул куҷоӣ,
Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз.
Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,
Бародар ҷуз накуномӣ маяндӯз.
Ҳамин тариқ, Наврӯзро метавон на танҳо ҳамчун ҷашни анъанавӣ, балки чун падидаи муҳими фарҳангӣ-тамаддунӣ арзёбӣ намуд, ки арзишҳои амиқи таърихӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардумони ориётаборро таҷассум менамояд. Ин ҷашни куҳан дар тӯли асрҳо тавонистааст, ки дар шароити гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ҳифз гардида, ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ, пайванди наслҳо ва эҳтиром ба табиат боқӣ монад.
Дар шароити ҷаҳонишавии муосир аҳамияти Наврӯз боз ҳам бештар мегардад. Он метавонад ҳамчун омили таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва ҳамзистии фарҳангҳо дар байни халқҳои гуногуни ҷаҳон хизмат намояд. Ва роҳ ёфтани Наврӯз ба радифи ҷашнҳои умумибашарии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷашни инсонсоз ва сулҳофар будани Наврӯзи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, омӯзиши илми таърих, фалсафа ва суннатҳои марбут ба Наврӯз на танҳо барои ҳифзи мероси фарҳангӣ, балки барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Бо назардошти ин метавон хулоса намуд, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат ва фарҳанги миллӣ дар ташаккули арзишҳои маънавӣ, густариши анъанаҳои инсонгароёна, таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдати ҷаҳонӣ ва тақвияти ҳамбастагии ҷомеа нақши муҳим хоҳад гузошт. Аз ин рӯ, ҳифз, омӯзиш ва тарғиби суннатҳои наврӯзӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба шумор меравад, то ин мероси гаронбаҳои фарҳангӣ барои наслҳои оянда низ пойдор, бегазанд ва арзишманд боқӣ монад.
Муниса НУРИДДИНОВА,
ходими илмии Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






