НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи таҳкими мақом ва таъмини ҳуқуқи конститутсионии занон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин аст, ки имрӯз қариб дар ҳама вазорату идораҳо ва муассисаҳо занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъол мебошанд. Яке аз занони муваффақе, ки қариб ним аср дар рушди илму маориф ва тарбияи ҷомеа саҳм гузоштааст, академик, ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова мебошад.
Академик Ирина Каримова дар рушди илму маорифи тоҷик саҳми арзишманд гузошта, дар мавзуи «Тарбияи инсондӯстӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Ӯ дар таҳқиқи илмҳои педагогӣ, мактабшиносии тоҷик, равобити илмии Тоҷикистону Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нақши бузург дорад.
Вобаста ба масъалаҳои мубрами таълиму тарбия дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, конференсияву анҷуманҳои муаллимони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, аз минбари чунин ҷамъомадҳои бошукуҳ ҳамчун донандаи соҳаи маориф маърузаҳо намуда, барои дар оянда беҳтар гардонидани низоми таълиму тарбияи муҳассилини чӣ мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва чӣ мактабҳои олӣ пешниҳодҳои ҷолиб намудааст.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Ирина Каримова иброз намуд, фаъолияти кориашро ба сифати муаллимаи забон ва адабиёти рус дар мактаби таҳсилоти умумии № 81-и ноҳияи Рӯдакӣ оғоз намуда, солҳои 1978—1992 аз вазифаи муаллими синфҳои ибтидоӣ, муовини директор то ба роҳбарии ин муассиса фаъолият намудааст.
Бояд иброз намуд, ки муҳити хуби илмию таҷрибавӣ ва шавқу рағбати беандоза ба омӯзиши дастовардҳои илмии олимони ватанию хориҷӣ роҷеъ ба илми педагогика ӯро ба таҳқиқу баррасии рисолаи докторӣ ҳидоят намуд ва дар мавзуи «Тарбияи инсондӯстӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд.
Самти назарраси фаъолияти академик Ирина Каримова дар баробари таҳқиқи масоили мактабу маориф омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи педагогикаи тоҷик ба шумор меравад. Дар ин ҷода низ хизмати пурзаҳматаш баръало эҳсос карда мешавад. Таҳти роҳбарии академик Ирина Каримова зиёда аз 20 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд.
Ирина Каримова изҳор медорад, ки мақоми баланд доштани занони тоҷик дар ҷомеаи мо шаҳодати он аст, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷалби занону духтарон ба таҳсил, касбомӯзӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо диққати махсус медиҳанд.
«Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан соҳаи маориф ба фаъолияти пурсамар машғуланд ва барои таҳкими дастовардҳои истиқлол ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Имрӯзҳо фаъолияти занон дар пешбурди соҳаи маориф низ шоиста арзёбӣ мешавад. Дар соҳаи маориф ва илм занон аз корманди одӣ сар карда, то ба вазифаҳои пурмасъули муовини вазир мақому мартаба доранд, ки нишони фаъолияти самараноки онҳо дар низоми маорифи мамлакат аст. Занону духтарон дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ ҳамчунин дар пешбурди низоми маорифи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд», -афзуд номбурда.
Ирина Каримова дар масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон иброз намуд, ки нахустин мураббӣ ва омӯзгори фарзанд модар аст ва нақши ӯ дар таълиму тарбия, нигоҳубин ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанд бузург мебошад. Модари оқилу бофарҳанг дар фикри он аст, ки фарзандаш бузург, бомаълумот, соҳибкасб шавад ва дар пешрафти ҷомеа саҳм гузорад.
«Ҳадаф аз соҳибмаълумот ва бофарҳанг будани зан-модар, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа, инчунин ташаккули оилаи солим ва тарбияи насли ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад. Тарбияи фарзанди солиму доно аз як ҷониб ба манфиати ҷомеа ва давлат бошад, аз ҷониби дигар, фарзанди таълимдидаву тарбиятгирифта эҳтироми падару модари худро ба ҷой оварда, ҳамчун шахсияти комил ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳнати ҳалол мерасад», -гуфт Ирина Каримова.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, вазифаи имрӯзаи занону модарон дар марҳилаи муосири шиддатноки ҷаҳонӣ барои фардои Тоҷикистон тарбия ва ба воя расонидани насли солиму солеҳ, ҳушёру закӣ, оқилу доно, қавииродаву меҳандӯсту меҳанпарвар мебошад. Зеро, ҳангоме фарзанд аз тарбияву таълим баҳра нагирифту бенасиб шуд, сустиродаву нодон мемонад ва гумроҳу фирефтаи гурӯҳҳои ғаразноку ифротгаро мегардад. Инҷо таъкид намудан ба маврид аст, ки татбиқи яке аз қонунҳои миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳадафҳои гуфташударо дар ҳаёти ҷомеа амаливу таъмин мекунад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
АГАР ДУОИ МОДАР БОШАД, РОҲ РАВШАН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Модар
Ба муносибати Рӯзи Модар дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ чорабинии идона баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид






