Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиёди идона баргузор мешаванд. Дар остонаи таҷлили ҷашни фархунда- Рӯзи Модар дар робита ба бузургдошти зан дар таърихи гузашта ва рӯзгори имрӯзи мо андешаҳои узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон манзур мегарданд.
— Дар суннати қадими мардуми мо ҷашни Исфандормузгон ё Мардгирон мавҷуд буд, ки моҳиятан иди бузургдошти занон арзёбӣ мешавад. Ин ҷашн ҳамасола рӯзи панҷуми моҳи исфанд ё исфандормузмоҳ, яъне рӯзи исфандормузи солшумории шамсӣ, ки ба 24 феврали солшумории имрӯза мутобиқ аст, таҷлил мегардид.
Тавзеҳан, дар солшумории пешиниёни мо ҳар рӯз номи хос дошт ва дувоздаҳ номи рӯзҳои моҳ ба номи дувоздаҳ моҳ мувофиқат мекард. Ҳар гоҳе, ки давоми сол номи рӯз ва номи моҳ ба ҳам мутобиқ меомад, он рӯз ҷашн баргузор мешуд. Масалан, рӯзи меҳри моҳи меҳр ҷашни Меҳргон ва рӯзи тири моҳи тир ҷашни Тиргон таҷлил мегардад. Ҳамин тавр, ба хотири мувофиқ омадани номи рӯзу моҳ, яъне исфандормузрӯз ва исфандормузмоҳ ҷашни бузургдошти занонро маъмулан ҷашни Исфандормузгон мегуфтанд.
Абурайҳони Берунӣ (973-1048), ки аз бузургтарин донишмандони миллии мост, дар «Осор-ул-боқия» (Ёдгори мондагор) маънои «исфандормуз»-ро ақлу ҳилм ё донишу фурӯтанӣ ба қалам овардааст ва Исфандормуз дар таърихи устуравии мардуми мо фариштаи муваккали замин ва занони парҳезгору хайрхоҳ аст. Бинобар ин, ин ҷашн ба бузургдошти занон алоқаманд мебошад. Берунӣ дар китоби ёдшуда таъкид мекунад, ки дар замони гузашта ин рӯз рӯзи иди занон буд ва дар ин ид мардон ба занон ҳадяҳо мебахшиданд. Берунӣ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ин расм ҳанӯз дар Исфаҳон, Рай ва дигар шаҳрҳо боқӣ мондааст ва онро «Мардгирон» мегӯянд. Аз ин гуфтаи Берунӣ маълум мешавад, ки дар замони зиндагии ӯ ин ҷашн бо номи Мардгирон дар баъзе шаҳрҳо таҷлил мешуд, ки баъдан эҳтимол бо боло гирифтани таассуби динӣ аз ёдҳо фаромӯш гардид.
Хушбахтона, дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо занон аз ҳама ҳуқуқу озодиҳо бархурдор буда, мавриди эътирофу эҳтиром қарор доранд ва дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва шукуфоии Ватани азизамон фаъолона саҳм мегиранд. Ин воқеият беихтиёр мисраъҳои саршор аз меҳру муҳаббати Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзодаро ба хотир меоварад, ки гуфта буд:
Дар диёри мо шуд одам арҷманд,
Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд.
Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Мақому мавқеи зан дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз боло меравад ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва риояи ҳатмии ҳуқуқу озодиҳои занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт пайваста тадбирҳо андешида, дар доираи шароиту имконияти мавҷуда зина ба зина амалӣ менамояд.
Бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон яке аз ҳамин гуна тадбирҳост, ки дар навбати худ, ба боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад.
Агар ба таърихи гузаштаи дури халқи худ назар афканем, мебинем, ки занону духтарони ҷасуру диловари тоҷик аз замонҳои қадим дар роҳи ҳифзи Ватан фидокориву ҷоннисориҳои бемислу монанд кардаанд. Тасвири симои Гурдофарид дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таҷассуми мардонагию шуҷоати занон дар майдонҳои ҷанг ба хотири ҳифзи Ватан аст, ки барои занону духтарони имрӯзу фардои мо ҳам метавонад намунаи олии пайравӣ ва ибрат бошад.
Рухшона ва ҳазорон-ҳазор занҳои дигар, аз ҷумла маликаи Бухоро, ки ҳангоми ҳамлаи араб ва амири Хуросон таъйин шудани Саид ибни Усмон подшоҳи Бухоро буд, давоми таърих аз худ корнамоию мардонагии зиёд нишон додаанд.
Робиаи Балхӣ, Зебинисо, Маҳастии Хуҷандӣ, Меҳрии Ҳиротӣ, Тоҷуддавла ва дигар занони донишманду соҳибқалам дар ривоҷу равнақи шеъру адабиёти мо нақши сазовор гузоштаанд. Мо имрӯз симои зебои зоҳиру ботини ин бонувони ширинсуханро дар шеъру сухани дилкашу дилангезашон мебинем ва дар пеши ҳунару истеъдоди худододашон сари таъзим фуруд меорем.
Баъдан, дар солҳои аввали барқарории Ҳукумати Шуравӣ Фирӯза (Саломат Ҷаҳонгирова), Зайнаббибӣ ва дигар занони мубориз парчамдори баробарӣ ва озодии занон буданд ва чанде аз онҳо дар ин роҳ ҷони худро қурбон карданд.
Имрӯз занону модарони мо бо саъйи дучанд дар пешрафти мамлакат ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлол фаъолона ҳисса мегузоранд.
Аммо даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рӯзгори файзбори давлатдории миллӣ ба зиммаи занону духтарон масъулияти боз ҳам бештар вогузор менамояд. Яъне, зарур аст, ки занону духтарон на танҳо дар ободонии мамлакат ва таъмини дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии он, балки бо кору амали шоиста ва ахлоқи ҳамидаи худ дар амри боло бурдани сатҳи маънавии аҳли ҷомеа саҳм гузоранд ва рисолати худро ба сифати зан-модар – олиҳаи меҳру вафо, ишқу муҳаббат, садоқату самимият сарбаландона иҷро намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
АГАР ДУОИ МОДАР БОШАД, РОҲ РАВШАН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Модар
Ба муносибати Рӯзи Модар дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ чорабинии идона баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид






