Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд

Март 17, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 17.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Қазоқистон ба муносибати баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ табрикоти самимона изҳор менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар табрикот омадааст, ки «иштироки фаъоли интихобкунандагон ва натиҷаҳои раъйдиҳӣ далели возеҳи дастгирии васеи ҷомеа аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакат ва эътимоди мардум ба барномаи ислоҳоти густурда мебошад.

Мо итминони комил дорем, ки натиҷаҳои раъйпурсӣ барои рушду шукуфоии мунтазами Ҷумҳурии Қазоқистон заминаи мустаҳкам хоҳанд гашт.

Тоҷикистон пойбандии устуворро ба руҳияи дӯстии ҷовидона, ҳампаймонӣ ва шарикии стратегӣ бо Қазоқистон тасдиқ мекунад.

Зимнан, ба мардуми бародари Қазоқистон таманнои сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нав дар роҳи бунёди давлати боиқтидору соҳибихтиёр иброз мегардад».

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 17, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид