Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Форум бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, рушди сайёҳӣ ва муаррифии арзишҳои Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст.
Дар форум намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони хориҷӣ, коршиносону муҳаққиқон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерони дохиливу хориҷӣ иштирок менамоянд.
Зимни форум иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои нақши Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии башарият, аҳамияти суннатҳои миллӣ дар рушди сайёҳӣ, равандҳои ҷаҳонишавии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва имконияти густариши ҳамкории фарҳангиву сайёҳӣ маърузаҳо пешниҳод менамоянд.
Ҳамчунин дар доираи форум намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва сохторҳои марбутаи соҳа оид ба аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Наврӯз, инчунин нақши рушди зерсохторҳои муосири сайёҳии пойтахт дар таҳкими имконоти сайёҳӣ андешаҳои худро баён мекунанд.
Дар фарҷоми форум қабули Баёнияи Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар назар дошта шудааст.
Баъд аз анҷоми форум барои иштирокчиён дар шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил гардида, мавзеъҳои фарҳангию сайёҳии пойтахтро тамошо менамоянд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст






