Пешвоии стратегии Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муколамаи минтақавӣ: аз Эъломияи Хуҷанд то шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ
ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо тағйироти геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва афзоиши рақобатҳои минтақавӣ тавсиф меёбад, таҳкими муколамаи созанда байни давлатҳо ба унсури калидии субот ва рушд табдил ёфтааст. Дар ин замина таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи муваффақи дипломатияи амалгаро ва сиёсати ҳамсоягии нек арзёбӣ мегардад.
-Муайянсозии сарҳадҳои давлатӣ яке аз унсурҳои асосии соҳибихтиёрии ҳар давлат мебошад. Тоҷикистон давоми солҳои истиқлолият барои муайян ва ҳуқуқӣ гардондани сарҳадҳои худ бо мамлакатҳои ҳамсоя корҳои назаррас анҷом дод.
Имзои шартномаҳои марзӣ бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Узбекистон ва Қирғизистон қадами муҳим дар роҳи таъмини суботи минтақавӣ, пешгирии низоъҳо ва рушди ҳамкории фарогир ба ҳисоб меравад.
Оғози марҳилаи нави ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба солҳои охири даҳаи 1990 рост меояд. Яке аз санадҳои муҳими таърихӣ ва дастоварди сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ дар ин раванд Эъломияи Хуҷанд ба ҳисоб меравад, ки дар он асосҳои эътимод, ҳамкории иқтисодӣ ва ҳалли мусолиматомези масъалаҳои марзӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон гузошта шуданд.
Ин санад на танҳо рамзи иродаи сиёсӣ барои рафъи ихтилофот буд, балки заминаи ташаккули низоми нави муносибатҳои минтақавиро фароҳам овард, ки бар пояи эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои умумӣ бунёд ёфтааст.
Марҳилаи нави муносибатҳои байни давлатҳои минтақа бо имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон оғоз гардид.
Ин санади таърихӣ 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон, Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.
Дар эъломия таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ҳамчунин оид ба ҳалли мушкилоти сарҳадӣ низ таъкид шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз намудаанд, ки «мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобил пуштибонӣ мекунем. Боварӣ дорам, ки аз имрӯз эътиборан марзҳои се ҷумҳурӣ ба марзҳои дӯстии абадӣ ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт».
Ин санад дар роҳи таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории минтақавӣ қадами муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ин раванд нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёрҷанба ва стратегӣ мебошад. Таҳлили раванд нишон медиҳад, ки нақши калидии стратегӣ ва дипломатии Пешвои миллат дар кори ба имзо расидани ин санади таърихӣ мушоҳида мегардад.
Пешвоии стратегӣ ва дипломатияи созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд бо чанд хусусияти калидӣ фарқ мекунад:
-Дидгоҳи стратегӣ — таъкид бар зарурати ҳамгироии минтақавӣ ҳамчун омили суботи дарозмуддат;
-Сабр ва пайгирӣ — идомаи муколама ҳатто дар шароити мураккаби сиёсӣ;
-Амалгароӣ — гузариш аз баёнияҳои сиёсӣ ба созишномаҳои мушаххас;
-Бе истифодаи қувваҳои миёнарав. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки истифодаи қувваҳои миёнарав дар ҳамдигарфаҳмӣ барои баррасии масъалаҳои ҳассос натиҷаи дилхоҳ ба бор наовард.
Бо ташаббус ва иштироки фаъоли Тоҷикистон зери роҳбарии стратегии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муколамаи сеҷониба тадриҷан ба сатҳи нави сифатӣ баромад. Дар ин замина ташаккули фазои эътимод байни давлатҳо ба ҳалли масъалаҳои ҳассос, аз ҷумла делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳо мусоидат намуд.
Марҳилаи муҳим дар рушди ҳамкории минтақавӣ имзои шартномаи сеҷониба дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон мебошад. Ин санад ҳамчун идомаи мантиқии Эъломияи Хуҷанд арзёбӣ шуда, натиҷаи чандинсолаи музокироти сиёсӣ ва дипломатии сатҳи баланд аст.
Аҳамияти ин шартнома дар чанд самт: мустаҳкамсозии суботи сарҳадӣ – коҳиши эҳтимоли низоъҳои марзӣ, рушди ҳамкории иқтисодӣ ва истифодаи самараноки захираҳои муштарак – фароҳамсозии шароити мусоид барои тиҷорат ва инфрасохтори минтақавӣ ва тақвияти эътимоди сиёсӣ – густариши ҳамкории бисёрҷониба зоҳир мегардад.
Аз назари таҳлилҳои академӣ ташаббусҳои стратегии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун таҷриба ва намунаи татбиқи назарияи «ҳамкории минтақавии амниятӣ» мебошад, ки дар он давлатҳо бо роҳи муколама ва созиш ба коҳиши таҳдидҳо ноил мегарданд.
Пешвоии Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ба ташаккули модели хоси дипломатияи минтақавӣ мусоидат намудааст, ки онро метавон ҳамчун «модели эътимодсозии тадриҷӣ» тавсиф намуд. Ин модел ба се унсури асосӣ- муколамаи доимӣ ва институтсионалӣ, эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва омодагӣ ба созиш ва компромисс такя мекунад.
Дар натиҷаи таҳлили ин раванд ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муколамаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ назаррас ва таърихӣ мебошад. Аз Эъломияи Хуҷанд то имзои шартномаҳои муҳими сарҳадӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд худро ҳамчун Пешвои ташаббускори стратегӣ ва ҷонибдори суботи минтақавӣ муаррифӣ намоянд.
Ин таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо тавассути сиёсати стратегии дурандешона, иродаи қавии сиёсӣ ва дипломатияи созанда метавон ба ҳалли масъалаҳои мураккаби байнидавлатӣ ноил гардид. Дар шароити муосир ин раванд на танҳо барои давлатҳои минтақа, балки барои тамоми низоми байналмилалӣ аҳамияти хосса дорад.
Исматулло ШОДИЁН,
котиб-ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?






