РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон аз замонҳои қадим ба арзишҳои фарҳангии хеш – расму русум, одобу ойин, суннату анъана ва маросиму ҷашнҳои хеш эътимод дошта, ҳар унсури онро дар ҳофизаи таърихию фарҳангии хеш ҳифз ва нигоҳ дошта, аз насл ба насл интиқол дода, дар таърих бо шукуҳу шаҳомат таҷлил менамуданд.
— Маълум аст, ки ҳар халқу миллат расму русум, одобу ойин, суннату анъана ва маросиму ҷашнҳои хос доранд. Дар байни ин арзишҳои фарҳангии ниёгонамон ҷашну маросиме ҳастанд, ки муқаддамтару муқаддастар аз дигар суннату анъанаҳоянд, амсоли Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Шаби ялдо, Сада, Исфандорҷашн ва ғайра. Бархе аз муҳаққиқон дар маҷмуъ ин арзишҳои фарҳангиро ба ҷашнҳои оилавӣ, динӣ, касбӣ, давлатӣ, миллӣ, байналмилалӣ ва чанд бахши дигар, аз қабили мазҳабӣ, тахассусӣ, шахсӣ, сиёсӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ гурӯҳбандӣ намудаанд.
Чун ба фолклоршиносии тоҷик назар меафканем, дармеёбем, ки маънӣ, фалсафа ва таснифоти ин арзишҳои фарҳангӣ аз ҷониби мутахассисон – фолклоршиносони тоҷик ниҳоят гуногуну мухталиф арзёбӣ гардидаанд. Аз ҷумла, Воҳид Асрорӣ ва Раҷаб Амонов дар китоби дарсии «Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик» чунин изҳори назар кардаанд: «Ҳар халқ аз рӯи урфу одатҳои миллии худ маросими анъанавӣ дорад, ки аксарияти онҳо ба оин, ақида ва тасаввуроти қадимии мардум алоқаманд мебошанд. Бо мурури замон вобаста ба ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ бисёр расму одат ва маросим аз байн рафтанд, тағйир ёфтанд ва баъзеяшон бо таъсири дин хусусияти динӣ гирифтанд. Маросими халқие, ки то замони мо расидаанд, ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: маросими мавсимӣ (Наврӯз, ҷуфтбаророн, суманак, Сусхотун, дарав ва хирманкӯбӣ, барфӣ), маросими тӯй ва маросими мотам. Дар заминаи ин маросим намудҳои гуногуни эҷодиёти бадеии халқ ба вуҷуд омаданд, ки онҳоро дар илми фолклоршиносӣ «фолклори маросимӣ» меноманд».
Сипас, фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ роҷеъ ба ин арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик дар дастурномаи таълимии «Фолклори тоҷик» менигорад, ки як бахши ҳаёти анъанавии мардумро ҷашну маросим ташкил медиҳанд. Баъдан, муҳаққиқ маънои луғавӣ ва ҳамчун ислоҳ мафҳуми «маросим»-ро ва унсурҳои хоси маросимро чунин шарҳ медиҳад: «Калимаи «маросим» аслан арабӣ буда, маънои расму оин, ақидаву одатро дорад. Аммо ҳамчун истилоҳ маросим маҷмуи амалиёти анъанавию рамзии таърихан мувофиқи зарурати мардум бавуҷудомада мебошад, ки ба қувваҳои фавқуттабиӣ ва устураҳои бостонӣ марбут буда, бо мақсадҳои гуногун иҷро мегардад. Яъне унсурҳои зерин барои маросим хос мебошанд: амалиёти ба тарзи анъанавӣ такроршаванда; рамзнокии ҳар амалу ҳолат ва рангу сифату шакли ашё; иртиботу муроҷиат ба неруҳои фавқуттабиӣ; таҷассуми мазмунҳои асотири бостон; мувофиқи талабу эҳтиёҷи мардум ба вуҷуд омадан».
Ахиран ӯ маросимро «аз рӯйи табақабандии мардумшиносон» ба се навъ гурӯҳбандӣ кардааст: 1. Маросими мавсимӣ ё тақвимӣ (барфӣ, ҷуфтбаророн, маросими истиқболи баҳор, хирманкӯбӣ ва ғайра); 2. Маросими гузариш (чилладорӣ, гаҳворабандон, мӯйсаргирон, хатна, мучалбаророн, никоҳ, пайғамбарошӣ, бурёкӯбон, чилланишинӣ, зиёрати ҳаҷ ва ғайра); 3. Маросими вобаста ба эҳтиёҷ (Мушкилкушо, Бибисешанбе, зиёрати мазорҳо, ашагулон, даъвату боздоштани борону бод, фолгирӣ, гарму сардкунӣ ва амсоли инҳо).
Аҷибии андешаҳои фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ дар он аст, ки ӯ вобаста ба мавзуи мавриди назар ҷашнҳоро алоҳида (ва маросимро алоҳида) баррасӣ ва дастабандӣ намуда, мафҳумҳои «ҷашн» ва «ид»-ро шарҳу тавзеҳ дода, хелҳои ҷашнҳоро низ бад-ин рақам овардааст: «Ҷашн» маҷмуи амалиёти анъанавӣ ва такроршавандаи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҳунарӣ мебошад, ки ба мардуми барпокунанда шодию сурур мебахшад ва арзишҳои эстетикӣ, ахлоқӣ, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, муттаҳидсозӣ ва ғайра дорад. Баъзе муҳаққиқон ба ҷойи истилоҳи «ҷашн» калимаи арабии «ид»-ро истифода мебаранд, ки қобили қабул аст ва ин ҳар ду истилоҳ ба якдигар наздик мебошанд. Идҳо низ маъракаҳои хурсандибахш буда, аз маросими гуногун таркиб ёфтаанд ва хусусияту арзишҳои мазкури ҷашнро доро мебошанд. Ҷашнҳо аз маросим, силсилаи бовару эътиқод, намунаҳои адабиёти шифоҳӣ, санъату ҳунар ва урфу одатҳои суннатӣ иборат мебошанд. Чунончӣ, дар чорчӯбаи ҷашни Наврӯз маросими чоршанбесурӣ, суманакпазӣ, оростани суфраи идона (ҳафт син), мусобиқаҳои варзишии анъанавӣ, бозиҳои бачагона, суруду рубоисароӣ, рақсу арғуштравиҳо ва ғайра иҷро мешаванд, ки ин падидаро метавон хусусияти синкретии Наврӯз номид».
Ахиран, ӯ ҷашнҳоро аз ҷиҳати замон ва сабабҳои баргузорӣ ба ду намуд ҷудо намудааст: 1. Ҷашнҳои тақвимӣ, ки вобаста ба фаслҳои сол ва дар замони муайян доир мегарданд, масалан: ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, идҳои Фитр, Қурбон ва амсоли инҳо; 2. Ҷашнҳои маишӣ-иҷтимоӣ, ки вобаста ба имконият, рух додани ягон ҳодисаи нишотбахш ва омилҳои дигари иқтисодию иҷтимоии одамон баргузор мегарданд. Чунончӣ, ҷашнҳои арӯсӣ, хатнасур, гаҳворабандон, бӯрёкӯбон ва ғайра.
Фолклоршиносон Равшан Раҳмонӣ ва Саъдӣ Қосимӣ дар дастури таълимии худ «Адабиёти гуфтории тоҷикон» доир ба маросими халқии тоҷикӣ маълумоти муфассал дода, онҳоро дар маҷмуъ ба чор гурӯҳи асосӣ тақсим намудаанд, ки бо каме аз ҷузъиёт аз таснифоти болоӣ тавофут доранд: 1. Маросими мавсимӣ (гулгардонӣ, чоршанбесурӣ, Наврӯз, суманак, ҷуфтбаророн, даъвати борон ва боронхонӣ, сайр, Тиргон, дарав ва хирманкӯбӣ, Меҳргон, барфӣ, чилла (ялдо), Сада); 2. Маросими динию суннатӣ (Рамазон, иди Фитр, иди Қурбон, Бибимушкилкушо, Бибисешанбе); 3. Маросими издивоҷ (тӯйи арусӣ ва хатна); 4. Маросими мотам. Фарқияти асосӣ дар он аст, ки дар таснифоти мутахассисони мазкур маросими динию суннатӣ ҳамчун гурӯҳи алоҳида оварда ва тавзеҳ дода шудаанд.
Фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ дар китоби дарсии «Фолклори тоҷикон: дарсҳо аз адабиёти гуфторӣ» дар хусуси маросим ва ҷашнҳо чунин ибрози назар намудааст: «Маросим» вожаи арабӣ буда, дар луғатномаҳо ба маънои «расм», «оин», «одат», «ақида» омадааст. Дар забони тоҷикӣ вожаи «оин» аст, ки метавонад мафҳуми «маросим»-ро пурра ифода намояд, вале дар илми мардумшиносӣ ва фолклоршиносии тоҷикон истилоҳи «маросим» ҷойгоҳи худро пайдо намудааст. Аз ин ҷиҳат истифодаи онро муносиб медонем. То имрӯз аз ҷониби пажуҳандагони улуми иҷтимоии кишварҳои аврупоӣ низ ҳудуди истилоҳи «маросим» ба таври дақиқ муайян карда нашудааст. Гоҳе маросимро бо расму оин ва ҳатто одат омезиш медиҳанд. Ҳол он ки ҳар кадоме вижагиҳои худро доранд. Ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ истилоҳоте, ба монанди «обрядь», «ритуал», «церемония» мавҷуд аст, ки то ҳанӯз ҳудуди иҷрои ин амалкард (ё фаъолият), ки ба боварӣ ва эътиқоди инсон пайваста аст, муайян карда нашудааст. Пажуҳандагон истилоҳоти мазкурро дар омехтагӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Маросим чист? Маросим ин амал ва ё фаъолияти вижае аст, ки давоми таърихи дуру дароз дар натиҷаи такрор ба такрор, тибқи суннатҳои пешин иҷро намудани баъзе рафторҳои мардумӣ шакл гирифтааст. Маросим маҷмуи рафторҳо, ҳаракатҳо ва ё фаъолияти суннатиро дар бар гирифта, таърихи дуру дароз дорад ва бо ҳадафи вижа дар асоси мушоҳидаҳои эътиқодии мардум ба вуҷуд омадааст. Аз сабаби он ки маросим одатҳо, ақидаҳо, боварҳо, оинҳоеро дар бар мегирад, гоҳе ҳудуди онро муайян намудан мушкил аст. Дар раванди маросим рамзу розҳое ба воситаи матнҳои фолклорӣ, ба мисли устура, бовар, хурофот, дуо, қисса, суруд мавриди истифода қарор мегиранд… Ягон соҳаи рӯзгори моддӣ ва маънавии мардум нест, ки вобаста ба он маросиме иҷро нашуда бошад».
Баъдан, фолклоршиноси мазкур давоми мулоҳизоти хеш мансубияти хелҳои маросимро каме дигаргун намуда, бад – ин тартиб нишон ва шарҳ додааст: Маросими мавсимӣ (чилла (ялдо), Сада, Испандорҷашн, гулгардонӣ, айёми Аҷуз, чоршанбесурӣ, Наврӯз, суманак, ҷуфтбаророн, даъвати борон, сайр, Тиргон, дарав ва хирманкӯбӣ, Меҳргон, барфӣ), маросими хонаводагӣ (хонадоршавӣ, хатнасур) ва маросими гуногун (Бибимушкилкушо, Бибисешанбе, Рамазон, Иди фитр, Иди Қурбон, алавгардон ва алас).
Ҳамзамон Равшан Раҳмонӣ дар асоси сарчашмаю маъхаз ва луғатномаҳо мафҳуми «ҷашн»-ро чунин эзоҳ додааст: «Ҷашн» вожаи тоҷикии форсии дарӣ аст. Дар авестоӣ «йасна», дар паҳлавӣ «ҷашан» ба маънои ниёиш, яъне як амали ибодатӣ аст. Ҳамчунин «ҷашн» муродифи вожаи қадимии «сур» буда, дар «Шоҳнома» зиёд омодааст ва имрӯз дар байни мардум калима ва ибораҳои «хатнасур», «ҷашну сур», «тую сур», «шодиву сур» дида мешаванд. Ҳамин тавр, маънои қадимӣ ва имрӯзии «ҷашн» дар ҳама луғатҳо чун «шодмонӣ», «сурур», «ид», «базм», «маҷлиси шодӣ», «зиёфат», «меҳмондорӣ» шарҳ ёфтааст. Ба ин васила вожаи «ҷашн» аз замонҳои бостон дар канори ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, Исфандорҷашн ва ғайра меояд».
Чунонки аз андешаву мулоҳизоти болоӣ дида шуд, таърихи пайдоиш, таҷлил, мантиқ, фалсафа ва гурӯҳбандии арзиш ва муқаддасоти фарҳангии тоҷикон, аз қабили маросиму ҷашнҳои миллӣ мухталиф ва гуногунмуҳтаво буда, мардумшиносону фолклоршиносонро зарур меояд, ки ҳадалимкон таснифоти онҳоро ба меъёру низомҳои муайян муқаррар намоянд.
Маълум аст, ки бештари ҷашнҳо асосан бар ду намуд таҷлил карда мешаванд ва ё иртибот доранд: яке, вобаста ба ягон ҳодисаву воқеаҳои табиию таърихию сиёсӣ ва дигаре ба солшумориҳою гоҳшумориҳову тақвимҳо. Новобаста аз ин, ҳодисаву воқеаҳои табиию таърихию сиёсиро аз солшумориҳою тақвимҳо ҷудо наметавон таҳлилу баррасӣ намуд.
Чунонки маълум аст, моҳҳои мардуми ориётабор аз 12 моҳи зерин иборат буда, ҳар рӯзи ҳар моҳи сирӯза низ номи фариштаеро доро буд, яъне 30 рӯз ҳар кадоме номи махсуси зайлро доштанд: Моҳҳо – 1. Фарвардин, 2. Урдубиҳишт, 3. Хурдод, 4. Тир, 5. Мурдод, 6. Шаҳривар, 7. Меҳр, 8. Обон, 9. Озар, 10. Дай, 11. Баҳман, 12. Исфанд.
Дар ин маврид соҳибсухане низ ба маврид чунин оварда:
Зи Фарвардин чу бигзаштӣ маҳи Урдубиҳишт ояд,
Бимон Хурдоду Тир, он гаҳ Мурдодат ҳамеояд.
Пас аз Шаҳривару Меҳру Обону Озару Дай дон,
Ки бар Баҳман ҷуз Исфандормӯз моҳе наафзояд.
Рӯзҳо – 1. Ҳурмузд, 2. Баҳман, 3. Урдубиҳишт, 4. Шаҳривар, 5. Исфандормад, 6. Хурдод, 7. Амурдод, 8. Дай ба Озар, 9. Озар, 10. Обон, 11. Хур, 12. Моҳ, 13. Тир, 14. Гӯш, 15. Дай ба Меҳр, 16. Меҳр, 17. Суруш, 18. Рашан, 19. Фарвардин, 20. Баҳром, 21. Ром, 22. Бод, 23. Дай ба дин, 24. Дин, 25. Ард, 26. Аштод, 27. Осмон, 28. Зомёд, 29. Морисфанд, 30. Анэрон.
Маъмулан агар яке аз рӯзҳои ҳар моҳ бо номи ҳамон 12 моҳ ҳамном мешуд, он рӯзи ҳамномро чун рӯзи нек бо шодиву сурур ҷашн мегирифтанд, ба он эҳтиром мегузоштанд ва ниёиш менамуданд. Ба таъбири дигар метавон гуфт, ки дар ҳар моҳ як ҷашн буд, ки гоҳе бо номи ҷашнҳои 12-гона ёд мешаванд, ки инҳоянд: 1. Моҳи фарвардин (фарвардинмоҳ) ва рӯзи 19-умаш фарвардинрӯз — ҷашни фарвардин (фарвардинҷашн ё фарвардингон (ин ҷашн марбут ба арвоҳи гузаштагон аст)), 2. Моҳи урдубиҳишт (урдубиҳиштмоҳ) ва рӯзи 3-юмаш урдубиҳиштрӯз – ҷашни урдубиҳишт (урдубиҳиштҷашн ё урдубиҳиштгон (ҷашни мазкур ба оташу нур иртибот дорад)), 3. Моҳи хурдод (хурдодмоҳ) ва рӯзи 6-умаш хурдодрӯз – ҷашни хурдод (хурдодҷашн ё хурдодгон (ҷашни мазкур ба муносибати об гузаронида мешудааст)), 4. Моҳи тир (тирмоҳ) ва рӯзи 13-умаш тиррӯз – ҷашни тир (тирҷашн ё Тиргон (ҷашни мазкур ба даъвати борон иртибот дорад), баробар ба 3-4 июли солшумории мелодӣ), 5. Моҳи мурдод (мурдодмоҳ) ва рӯзи 7-умаш мурдодрӯз – ҷашни мурдод (мурдодҷашн ё мурдодгон (ин ҷашн ба ҷовидонагӣ, тандурустӣ ва дер зистан робита дорад)), 6. Моҳи шаҳривар (шаҳривармоҳ) ва рӯзи 4-умаш шаҳриваррӯз – ҷашни шаҳривар (шаҳриварҷашн ё шаҳриваргон (ҷашни мазкур ба нигаҳбонии зарру симу дигар фулузот ва дастгирии бенавоён бахшида мешавад)), 7. Моҳи меҳр (меҳрмоҳ) ва рӯзи 16-умаш меҳррӯз – ҷашни меҳр (меҳрҷашн ё Меҳргон (ин ҷашн ба меҳр (хуршед) иртибот дошта, рӯзи аз осмон поён омадани фариштагон бо ёрии Фаридун мебошад), баробар ба (2), 7-8 (ва ё 10-12) октяри солшумории мелодӣ), 8. Моҳи обон (обонмоҳ) ва рӯзи 10-умаш обонрӯз – ҷашни обон (обонҷашн ё обонгон (дар ин ҷашн обро муқаддас медонанд ва фариштаи онро ниёиш мекунанд)), 9. Моҳи озар (озармоҳ) ва рӯзи 9-умаш озаррӯз – ҷашни озар (озарҷашн ё озаргон (ин ҷашн ба оташ ва оташдонҳо робита дорад)), 10. Моҳи дай (даймоҳ) ва рӯзи 8-умаш дайрӯз, 16-умаш дайрӯз ва 23-юмаш дайрӯз – ҷашни дай (дайҷашн ё дайгон ва ё хуррамрӯз (дар ин ҷашн мардум ва бузургон ба зиёрати подшоҳ меомаданд)), 11. Моҳи баҳман (баҳманмоҳ) ва рӯзи 2-юмаш баҳманрӯз – ҷашни баҳман (баҳманҷашн ё баҳмангоҳ (дар ин ҷашн ба хотири фариштаи Баҳман, ки нигаҳбони чаҳорпоёни судманд аст, аз хурдани гӯшт парҳез мекарданд)), 12. Моҳи исфанд (исфандмоҳ ё исфандормоҳ) ва рӯзи 5-умаш исфандрӯз (исфандоррӯз) – ҷашни исфанд (исфандҷашн ё ИСФАНДОРҶАШН (ин ҷашн ба занон ихтисос дошт ва ин рӯзро “Рӯзи зан” меномиданд)).
Яке аз ин ҷашн, ки ориёиҳо дар замонҳои қадим дар оғози аввали баҳор доир менамуданд, бахшида ба занону модарон буд. Яъне ин ҷашн дар рӯзи панҷуми моҳи исфанд (номи охирин моҳи солшумории эрониёни қадим (солшумории шамсӣ) ва номи панҷумин рӯзи ҳар моҳ) баргузор мешуд ва номи он Испандорҷашн ё Исфандгон (ё худ Спандармагон, Исфандормазгон) буд.
Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор – ул — боқия» — аш перомуни ин ҷашн чунин менависад: «Исфандормузмоҳ, ки рӯзи панҷуми он Исфандормуз аст ва барои иттифоқ афтодани ду ном онро чунин номидаанд ва маънии он ақлу илм аст ва Исфандормуз фариштаи посбони замин аст ва ҳомии занони дуруст ва порсо ва шавҳардӯст мебошад. Дар замони гузашта ин моҳ, ба вижа ин рӯз иди занон буд ва мардон ба занон ҳадя медоданд ва ҳанӯз ин расм дар Исфаҳон, Рай ва Паҳла боқӣ монда ва ба форсӣ муздгирон низ мегӯянд». Ба ҳар сурат далели аҷиб он аст, ки дар рӯзи Исфандормуз мардҳо ба нишони муҳаббату эҳтиром ба бонувон туҳфаҳо медоданд.
Номи ҷашни мазкур дар китоби «Авесто» ба сурати Спента Ормаитӣ, ки маънои фурӯтанӣ ва фидокориро дорад, омадааст. Исфанд ё Исфандормуз (Ормаитӣ) номи яке аз фариштагони бузург буда, ӯ дар олами маънавӣ мазҳари ишқу муҳаббат, фурӯтаниву тавозуъ, сулҳу созиш, ҷонбозиву фидокорӣ, бурдборӣ ва дар ҷаҳони моддӣ посбон ва ҳомии занони неку порсо мебошад. Ин фаришта муваззаф аст заминро хурраму обод ва поку борвар нигоҳ дорад. Чун Ормаитӣ ба сурати фариштаи хоси занони пок ва порсо қаламдод гардидааст, ба эҳтироми он ва барои пайравӣ аз ин мазҳари пок дар рӯзи испандорҷашн тамоми модарон ва занони порсоро, ки бо пайравӣ аз Ормаитии модар ва ҳамсари намуна ва шоиста буданд, гиромӣ медоштанд ва заҳматҳои онҳоро қадр мекарданд ва ба ин муносибат ҷашну шодмонӣ доир мекарданд.
Дар китоби «Авесто» инчунин занони пок ва порсо, ки аз фаришта Ормаитӣ пайравӣ мекарданд, ситоиш шудаанд. Чунончи: «Занони дорандаи фарзандони бисёр ва хонадони хуб ва неруманд ва хушандом ва баландболоро меситоем. Ин заминро бо заноне, ки бар рӯйи он зиндагӣ мекунанд, меситоем. Эй Аҳурамаздо, мо ситоем занонеро, ки дар асари дурусткорӣ ва ростӣ неруманд шудаанд… . Мо меситоем … занони некандешро, ки дар ҳар кишвар бо виҷдони нек бар зидди бадӣ қиём намудаанд ё менамоянд… . Эй Аҳурамаздо, мо меситоем занони ёрирасон ва бомуҳаббатро».
Исфандормаз ё Спандормаз яке аз эзадбонуҳои шашгонаи (пантеони) дини зардуштӣ аст, ки мададрасону файзбахши корҳои кишоварзон низ унвон шудааст. Ҳамзамон ин ҷашнро ба муносибати ин ки наздики Наврӯз ва фасли баҳор аст ва мавқеи кишту кори кишоварзон мебошад, ҷашни барзгарон низ мегӯянд. Аз ҷумла, Масъуди Саъди Салмон чунин навиштааст:
Сипандормуз рӯз хез эй нигор,
Сипанд ор морову май ор.
Имрӯз ҳам ин ҷашн ба эҳтироми фариштаи покию ишқу муҳаббат ва арҷ гузоштан ба зан – модар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Аз маълумоти болоӣ маълум гашт, ки ҷашни имрӯзаи Рӯзи Модар — 8 март аз қадимулайём ба қавмҳои ориёӣ ихтисос дошта, баъдан дар шаклу мазмуни дигар бозтоб ёфта, дар шакли расмӣ таҷлили он аз ибтидои асри ХХ бо номҳои дигар идома ёфтааст.
Аммо агар ба таърихи таҷлили ин ҷашн дар Амрикову Аврупо нигарем, мебинем, ки он дар аввал рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон ё худ ҷашни занони инқилобгар таҷлил мешуд. Зеро ду маротиба — 8 марти соли 1857 ва 8 марти соли 1908 занҳои ню-йоркӣ (коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ) даъвои баробарҳуқуқӣ намуда, гирдиҳамоӣ ташкил кардаанд.
Баъдан, соли 1909 ҳизби сотсиалистии Амрико рӯзи байналмилалии занҳоро эълон намуд, ки он то соли 1913 ҳафтаи охири моҳи феврал, яъне 28 феврал ҷашн гирифта мешуд. Сипас, 27 августи соли 1910 дар Копенгаген дуюмин конфронси байналхалқии занони сотсиалистӣ доир гардид, ки дар он яке аз сарони ҳаракати коргарии Олмон ва байналмилалӣ хонум Клара Сеткин (05.07.1857 – 20.06.1933) иштирок ва суханронӣ намуд. Клара Сеткин дар конфронси мазкур пешниҳод намуд, ки Рӯзи байналмилалии занони ҷасур муайян карда шавад. Аз ин хотир, бархе аз муҳаққиқон низ таърихи ҷашнгирии иди занонро бо номи Клара Сеткин алоқаманд медонанд ва низ иддао доранд, ки ӯ гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил додааст. Аъзои гурӯҳ қарор қабул намуда буд, ки рӯзеро чун зодрӯзи «пролетариати занон» ҷашн гиранд.
19 марти соли 1911 аввалин Рӯзи байналмилалии занҳо дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария таҷлил шуд (бо назардошти пешниҳоди узви Кумитаи марказии ҳизби сотсиал-демократии Олмон Елена Гринберг, ки дар Инқилоби мартии соли 1848 дар Прусия ироа карда буд). Соли 1912 ҳамин кишварҳои номбаршуда ҷашнро 12 май таҷлил намуданд. 2 марти соли 1913 дар Русия ва Фаронса, 9 март дар Австрия, Чехия, Венгрия, Швейтсария, Голландия, 12 март дар Олмон таҷлил намуданд. Соли 1914 аввалин маротиба шаш кишвар-Австрия, Дания, Олмон, Нидерландия, Русия ва Швейтсария 8 мартро ҳамчун Рӯзи байналхалқии занҳо таҷлил намуданд ва ин рӯз ба рӯзи якшанбе рост омада буд. Сипас, соли 1917 пурра ва ё қисман занҳои Зеландияи Нав, Австралия, Финландия, Норвегия, Дания ва Исландия ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо намуданд.
Дар Русия аввалин маротиба занҳои рус Рӯзи байналмилалии занҳоро дар рӯзи якшанбе, яъне 23 феврали соли 1913 таҷлил намуданд, ки ин тибқи баъзе сарчашмаҳо, то солҳои 20-ум идома ёфт. Ҳарчанд занҳои рус соли 1913 аввалин маротиба идро таҷлил карда бошанд ҳам, Ҳукумати Русия расман таҷлили ҷашнро аз соли 1917, яъне баъди сарнагунии монархияи русӣ ва таъсиси дуҳокимиятӣ, ки дар пайи Инқилоби февралӣ ба вуқуъ пайваста буд, эътироф намуд.
Сипас, соли 1921 бо қарори 2-юмин Конфронси занҳои коммунист қарор қабул шуд, ки 8 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии занҳо таҷлил карда шавад ва минбаъд бад – ин минвол давом ёфт.
Кишварҳои дигар, аз ҷумла коммунистҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 1922 ва коммунистҳои Испания аз соли 1936 ҷашни мазкурро таҷлил менамоянд. Инчунин баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин 1 октябри соли 1949 расман 8 март ҳамчун Рӯзи занҳо эълон шуд, ки дар ин рӯз занҳо рӯзи нопурраи корӣ доранд. Тибқи фармони Президиуми Шурои Олии ИҶШС аз таърихи 8 майи соли 1965 рӯзи 8 март «ба шарафи хидматҳои бузурги занони шуравӣ дар сохтмони коммунистӣ, ҳимояи Ватан дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, қаҳрамонӣ ва ҷасорати онҳо дар фронт ва ақибгоҳ, инчунин хидматҳои бузурги занон дар кори мустаҳкам намудани дӯстии байни халқҳо ва мубориза барои сулҳ» рӯзи истироҳатӣ эълон гардида, дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдаба давлат оид ба сиёсаташ нисбат ба занон ҳисобот медод.
Соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба Соли байналхалқии зан дар оғози моҳи март Рӯзи байналхалқии занро таҷлил намуд. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо интишори як эъломия эълон дошт, ки ҳар кишвар вобаста ба урфу одат ва анъанаҳои миллии худ дар рӯзи мувофиқи ин сол Рӯзи мубориза бо ҳуқуқҳои занро таҷлил намояд. Ҳамчунин дар ин росто Даҳсолаи байналхалқии занон (1976-1985) эълон карда шуд.
Имрӯзҳо Рӯзи байналмилалии занҳо ҳамчун ҷашни миллӣ ва истироҳатӣ дар Ангола, Гвинея-Бисау, Замбия, Камбоҷа, Кения, Мадагаскар, Муғулистон, Уганда ва Эритрея таҷлил карда мешавад. Дар Лаос танҳо барои занҳо рӯзи истироҳатӣ эълон шуда, тавре гуфтем, дар Чин барои занҳо рӯзи кори нопурра муайян шудааст.
Дар Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Украина 8 март чун Рӯзи байналмилалии занон, дар Беларус ва Узбекистон чун Рӯзи модар ва дар Арманистон (7 апрел) чун Рӯзи модар ва зебоӣ ин ҷашн таҷлил мегардид.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2009 8 март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад ва ин басе рамзист, зеро ҳаёт аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар, зан-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ руҳи тоза мебахшад:
Зиндагӣ гарм асту равшан бо дуои модарон,
Офтобо, саҷда кун дар пеши пои модарон.
Тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридгории зан-модар аст. Бузургтарин шахсиятҳои таърихӣ, арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятдидаву тарбиятгирифтаи зан-модар будаанд. Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки ба монанди Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Абуалӣ Ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон ва садҳо дигар фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллатро ба дунё овардааст:
Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар агар ман,
Барои модари миллат бимирам.
Маҳз ҳамин аст, ки ашъори зиёди гузаштагони номдори мо ба зебоиву назокат, ҳусну малоҳати занону духтарони тоҷик бахшида шуда, давоми садсолаҳо вирди забон гардидаанд:
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан!
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан!
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан!
Бояд иброз намуд, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва нақши он дар инкишофи тамаддуни фарҳанги миллии мо басе бузург аст. Таърих номи олиҳаи зебоию аҳли маънӣ Гурдофариди сафшикан, Робиаи Балхӣ, Зебонисои Махфӣ, Розия Озод ва садҳо дигар модарону хоҳарони моро ёд дорад, ки барои истиқлолу озодии мардум ва сарзамини худ бо суханони воло, дар тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ талош кардаанд.
Оре, сарчашмаи тамоми музаффарияти мо модарон будаанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Вақте ки мо писарро тарбия мекунем, мо як мардро ба воя мерасонем, аммо вақте ки духтарро ба камол мерасонем, миллат ба камол мерасад».
Бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон имрӯзҳо тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла, қабул гардидани барномаи давлатӣ оид ба ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои донишҷӯдухтарони лаёқатманди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷудо намудани грантҳои президентӣ барои занону духтарони соҳибкор, таъсиси квотаи президентӣ барои донишҷӯдухтарон ва таъсиси Муассисаи давлатии Маркази таълимии занон – «Сарвар» ва даҳҳо масоили дигари занони Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо амалӣ шуда истодаанд.
Бузургии Зан-Модар дар мақому манзалат ва хислатҳои ӯ таҷассум меёбад. Агар чунин намебуд, дар китоби муқаддаси Қуръони маҷид яке аз сураҳои калонтарин, яъне Нисо, ки саросар дар бораи зан ва ҳуқуқҳои ӯст, оят нозил намешуд. Бузургворе низ фармудаанд:
Ҳар дуои модарони дилкабоб.
Дар ҳаққи фарзанд гардад мустаҷоб.
Дар ҳадиси Мустафо дидам навишт,
Дар қудуми модарон бошад биҳишт.
Албатта, сухани боло ҳадиси Пайғамбари Ислом аст, ки шоири дигари тоҷик онро ба риштаи назм кашида, аз ҷумла гуфтааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Ахиран, дар ин рӯзҳои зебо ва идонаи баҳорӣ занону духтарон ва модарони меҳрубони Тоҷикистони азизро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, хоҳони онем, ки табассуми дурахшонатон ҳамчун офтоби баҳорӣ умед ва эътимоднокӣ талқин намуда, зебоии ҳайратангез, неруи беинтиҳо ва меҳрубонии самимонаи шумо ҳамеша атрофиёнро дилгарм созад. Бигузор, доимо чунин зебою дилкаш, дилбару дилнавоз, дилрабою дилоро ва меҳрубону нотакрор бошед. Ба шумо дар ин рӯзи баҳорӣ руҳи болида, хушнудӣ, шодмонӣ ва муҳаббату хушбахтӣ хоҳонем. Бахт ёр ва Худо мададгоратон бод!
Аз сарвату зи шуҳрат, гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.
Нуриддин САИД,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор,
Саъдӣ ҚОСИМӢ,
профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад






