РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ДУШАНБЕ, 29.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Минтақаи Рашт яке аз гӯшаҳои зебои Тоҷикистон аст, ки бо табиати нотакрораш таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намудааст. Дараҳои Камароб, Ҷафр, Тагоба, Қалъанак, Ясман ва Ҳоит бо манзараҳои ҷолиб, гиёҳҳои шифобахш, рӯду кӯлҳои мусаффо ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтаанд.
— Инфрасохтори бахши сайёҳӣ дар водии Рашт, ки дорои захираҳои бойи сайёҳӣ мебошад, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ рушд намудааст. Далели ин бунёди даҳҳо меҳмонхонаҳо, ҳостелҳо, навсозии шоҳроҳи Душанбе – Рашт – Лахш – Саритош, роҳҳои дохилӣ, бунёди иншооти ёрирасони сайёҳӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад, ки ба баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии сокинони ин минтақаи кӯҳистон мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки ба ин минтақа ҷаҳонгардон бештар бо мақсади сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг ва пиёдагардию аспсаворӣ мераванд.
Камароб – дараи ҳамешабаҳор
Ҳамасола дараи овозадори Камаробро сайёҳони зиёд тамошо менамоянд. Манзараҳои дилфиреб, шаршараҳо, оби шифобахши Хушлар, шикоргоҳҳо, кӯҳи пурсаховати Зуғол, кони ангишти Кафтархона, дарахтони гуногуни табиӣ, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва парандагони гуногун таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.
Дараи Камароб дар иҳотаи ду силсилакӯҳи бузург ҷой гирифтааст, ки аз байни он рӯди Сорбоғ бо оби шаффоф ба дарёи Сурхоб мепайвандад. Аслан рӯдхонаи Сорбоғ аз даҳҳо чашмаҳои хурди кӯҳӣ сарчашма мегирад, ки аксари онҳо чун обҳои шифобахши кӯҳистон эътироф гардидаанд. Камароб дараи ҳамешабаҳор аст. То омадани фасли сармо сабзию хуррамии худро ҳифз мекунад. Ҳар нафаре, ки дар фасли тирамоҳ ҳам аз ин дараи хушманзара дидан кунад, аз чукриву торон, сиёҳалафу рови баҳорӣ метавонад лаззат барад. Ба андешаи сокинони ноҳияи Рашт, дараи Камароб дар баробари зебоӣ дорои олами ғании ҳайвоноту парандагон аст, ки то ба ин дам дар муқоиса ба дигар манотиқи мамлакат бештар ҳифз гардидаанд.
Парваришгоҳи давлатии «Камароб» соли 1960 дар назди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия таъсис шудааст, ки ҳудуди он беш аз 10,5 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Мақсади асосии фаъолияти он парвариши гулмоҳӣ, хирси малла ва бузи кӯҳӣ мебошад. Парваришгоҳ дорои беш аз 20 намуд паранда ва беш аз 300 намуд гиёҳҳои шифобахш мебошад.
Дараи Ҷафр – макони меваҳо ва асали кӯҳистон
Дараи Ҷафр яке аз дигар мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Рашт ба шумор рафта, ҳамасола сайёҳон маконҳои фарҳангию фароғатӣ ва табиати дилфиреби онро тамошо менамоянд.
Дар ин мавзеъ бо ташаббуси деҳқони асил Мирзошоҳи Акобир ҳанӯз соли 1988 Боғи ботаникӣ-фарҳангии «Кӯҳсори Аҷам» бунё карда шудааст. Боғ қариб 1 гектарро ташкил дода, дар он 64 навъи маҳаллии себ, 34 навъи муруд, 22 навъи зардолу, навъҳои зиёди гелос, ангур, олу, шафтолу, чормағз ва бодом, ки дар шароити нестшавӣ буданд, аз нав барқарор карда, парвариш ва зиёд карда мешаванд.
Дар ин боғ осорхонаи кишваршиносӣ, маркази ҳунармандӣ, меҳмонхонаи миллӣ, бахши занбӯрпарварӣ таъсис дода шудаанд, ки сайёҳон бо таъриху фарҳанги мардуми кӯҳистон шинос шуда, маҳсулоти дасти ҳунармандон, гиёҳҳои шифобахш ва асали тозаи гиёҳҳои кӯҳистонро харидорӣ менамоянд. Дар заминаи боғи ботаникӣ дар дараи Ҷафр «Парки себ» бунёд гардидааст, ки хеле ҷолиб ва беназир буда, барои сайру гашти сайёҳон муносиб мебошад.
Дараи Ҳоит – мероси таърихӣ
Дар ҳудуди деҳоти Ҳоит сайёҳон бо нишонаҳои заминларзаи бузурги соли 1949, ки ноҳияи Ҳоитро тамоман нест намуда буд, шинос мешаванд. Ба хотири шаҳидони заминларза дар даромадгоҳи Ҳоит ёдгории таърихии муҷассамаи «Модар» бунёд гардидааст.
Дараҳои Ясман, Назарайлоқ ва Шавр ҷойҳои тамошобоб ва шикоргоҳҳои мувофиқ барои ҷаҳонгардон мебошанд. Дараи Шавр, ки аз саргаҳ то охираш бисту як километрро ташкил менамояд, бо анвои растаниву дарахтони гуногуни мевадиҳандаю бесамар аз гузаштаҳо мерос монда, Оби сафед, ки аз ин мавзеъ мегузарад, макони гулмоҳии зебои Рашт мебошад.
Дар ин мавзеъ канданиҳои зиёди фоиданок дар синаи кӯҳе, ки дар дараи Пиёзӣ ҷойгир аст, нуҳуфтаанд. Тибқи маълумоти мутахассисон, шумораи канданиҳои фоиданоки дараи Пиёзӣ на кам аз 24 намуд мебошад.
Ҳунарҳои мардумӣ дар Рашт
Ҳунармандони Раштонзамин дар ҳама давру замон бо санъати худ машҳур буданд. Дар ин диёри кӯҳистон ҳунарҳои гулдӯзӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ, заргарӣ, табақтарошӣ, кулолгарӣ, намадмолӣ ва дуредгарӣ шуҳрат доранд.
Занони ин минтақаи Тоҷикистон ҳунари хуб дошта, ғизоҳое омода менамоянд, ки хоси ин мардум мебошанд. Талқон, далда, оши борик, оши тупа, умоч бо дуғ, умоч бо шир, кочӣ, умоч бо ров, кашки сабз, кашк бо каллаву поча, шакароб, қурутоб, фатирмаска, се намуд суманак, ширкаду, кадуи тагиаловӣ, кадушӯрбо, карамшӯрбо, наскпиёба, нахудпиёба, тухмпиёба, қорчбирён, моҳибирён, зардолушӯрбо, ҳавлои сурхак, ҳавлои сафедак, нашоиста, ширбат, туршак, рӯғанбат, ордбирён, моделова аз ҷумлаи ғизоҳое мебошанд, ки сокинони ин водӣ давоми асрҳо онҳоро омода менамоянд.
Нонпазӣ низ яке аз ҳунарҳои маъмули занҳои Раштонзамин мебошад. Гирдача, кулча ва чапотии ин диёр ба куллӣ аз дигар нонҳои мардуми Тоҷикистон тафовут доранд ва калонҳаҷму болаззат мебошанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари сайёҳоне, ки ба ин водӣ сафар мекунанд, бо ҳунари сокинони ин водӣ аз наздик шинос мегарданд.
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳон дар ноҳияи Рашт хатсайри сайёҳӣ ташкил шудааст, ки ба гардишгарон хизмат мерасонад.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд






