РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи хабари манбаъ, акнун иштирокчиён ва ҷонибҳои манфиатдор метавонанд маълумоти аввалин ва навгониҳоро вобаста ба ин конфронс аз ин сомонаи расмӣ дастрас намоянд.
Бояд гуфт, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, намояндагони давлатҳо, ташкилоти байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, коршиносон ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро барои баррасии масъалаҳои муҳими соҳаи об муттаҳид месозад.
Иштирокчиён метавонанд маълумоти муфассал оид ба барномаи конфронс, тартиби иштирок, мавзуъҳои муҳокимашаванда ва дигар иттилооти заруриро аз сомонаи расмӣ дастрас намоянд.
Конфронс дар доираи Раванди оби Душанбе баргузор гардида, ҳамчун платформаи муҳими муколама барои таҳкими ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии соҳаи об хизмат хоҳад кард. Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал барои об ва ҳамраиси Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. «Бо такя ба дастовардҳои конфронсҳои қаблии оби Душанбе (солҳои 2018, 2022 ва 2024) конфронси чорум ҳадаф дорад, ки суръати эҷодкардаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023-ро нигоҳ дорад, татбиқи Рӯзномаи амали обро пеш барад ва муҳокимаҳоро барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва нақши об дар Рӯзномаи пас аз соли 2030 оғоз кунад.
Интизор меравад, ки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявӣ, илмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва бахши хусусӣ дар конфронс барои пешбурди уҳдадориҳо ва ташвиқи роҳҳои ҳалли тағйирдиҳанда дар бахши об иштирок намоянд. Барномаи конфронс (Water Action Agenda) ҷаласаҳои умумии сатҳи баланд, шаш ҷаласаи мавзуӣ, ки ба мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ дар соли 2026 мувофиқат мекунанд, се панели махсус, ки ба оянда нигаронида шудаанд, форумҳо, чорабиниҳои иловагӣ, намоишгоҳи байналмилалӣ ва ҷаласаи омодагии минтақавиро, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) ташкил карда шудааст, дар бар мегирад.
Иштирокчиёни конфронс инчунин ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар намуда, бо мероси бойи фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон, иқтидор ва захираҳои обӣ, таҷрибаи Тоҷикистон дар самти идоракунии устувори захираҳои об ва рушди неругоҳҳои барқи обӣ шинос мешаванд. Натиҷаҳои асосии конфронс дар Эъломияи ниҳоӣ, Хулосаи ҳамраисон ва Саҳми расмӣ дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 инъикос меёбанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд






