САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 93 фоизи ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дорои табиати нотакрор ва захираҳои бойи табиӣ мебошад. Ин имконият барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
–Минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон имрӯз аз ҷумлаи минтақаҳои ояндадори сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Қуллаҳои баланди сарбаафлок, дараҳои зебоманзар, кӯлҳои мусаффо ва олами ғании набототу ҳайвонот таваҷҷуҳи сайёҳон ва дӯстдорони кӯҳнавардиро аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб менамоянд.
Тақрибан 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар манотиқи кӯҳӣ зиндагӣ менамоянд. Тоҷикистон диёри кӯҳҳои баланд ва қуллаҳои осмонбӯс аст, кӯҳҳои Помирро беасос «Боми ҷаҳон» ном намебаранд. Пайдоиши кӯҳҳои Тоҷикистон — Помир, Олой, Фон, Ҳисор ва Зарафшон таърихи куҳан дошта, ба қатори кӯҳҳои ҷавон дохил мешаванд. Қисми зиёди кӯҳҳои Тоҷикистон сангӣ буда, дар онҳо боигариҳои табиӣ, назири тилло, нуқра, ангишт, обҳои шифобахш ва ҳар гуна сангҳои қиматбаҳо мавҷуд мебошанд.
Бартарияти дигари кӯҳҳои Тоҷикистон аз он иборат аст, ки онҳо хеле зебою дилкаш ва назаррабо ҳастанд. Ин аст, ки зебоии нотакрори табиати биҳиштосои кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон, хусусан кӯҳҳои сарбафалаки Помир таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳи дохилию хориҷиро ҷалб намудаанд.
Қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр баландтарин нуқтаи кӯҳҳои Тоҷикистон ва яке аз баландтарин қулла дар ҷаҳон мебошад. Дарозии кӯҳҳои Помир 800 км ва 5000-7000 метр аз сатҳи баҳр баланд буда, асосан аз кӯҳҳои берастанӣ ва сангҳо иборатанд. Дар бисёр қуллаҳои ин кӯҳҳо пиряху барфҳои чандинсола ҷойгир буда, сарчашмаи дарёи Омуро ташкил медиҳанд. Соли 2019 кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» дохил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Ин қулла яке аз баландтарин қуллаҳои минтақа буда, ҳамасола таваҷҷуҳи кӯҳнавардони касбӣ ва дӯстдорони саёҳати кӯҳиро ҷалб мекунад. Барои фатҳи маҳз ҳамин қулла бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ доир мешавад, ки дар он кӯҳнавардон аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Лаҳистон, Испания, Англия, Канада, Эстония, Норвегия, Литва, Беларус, Олмон, Италия, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Юнон, Мексика, Фаронса, Дания ва дигар давлатҳои дуру наздик фаъолона иштирок менамоянд.
Коршиносони соҳа иброз медоранд, ки Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии кӯҳнавардӣ имконияти фаровони рушд дорад. Кӯҳҳои баланд, водиҳои зебо, кӯлҳои нилгун ва чашмаҳои маъданӣ метавонанд ба макони ҷолиби сайёҳии байналмилалӣ табдил ёбанд.
Бо вуҷуди ин барои рушди пурраи соҳа ҳанӯз баъзе мушкилот вуҷуд доранд. Аз ҷумла, норасоии роҳбаладони соҳибтаҷриба ва донандаи забонҳои хориҷӣ, баъзе камбудиҳо дар сатҳи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои хӯрокворӣ, маҳдуд будани хатсайрҳои ҳавоӣ бо давлатҳои ҷаҳон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки метавонанд ба рушди босуръати соҳа таъсир расонанд.
Бо мақсади бартараф намудани ин мушкилот ва рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар мамлакат аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳа тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Дар ин замина татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат корҳои сохтмони инфрасохтори сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ташаккули бренди миллии сайёҳӣ идома доранд.
Мутахассисони соҳа бар ин назаранд, ки дар ҷойҳои асосии буду боши сайёҳон дар вақти гузаштани хатсайри сайёҳӣ бояд пойгоҳҳои муваққатӣ бо истифода аз хаймаҳо ташкил карда шаванд. Зеро ҳангоме ки сайёҳон аз дигар давлат бо мақсади кӯҳнавардӣ ба мамлакати мо сафар мекунанд, барои бо худ овардани бори зиёд ба чандин монеаҳо дучор мешаванд. Пойгоҳҳои муваққатӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ бояд дорои ҷойи хоб, ташноб, дастшӯ, алоқаи радио, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва таҷҳизоти иловагӣ, ба монанди хаймаҳо, бистарҳои хоб ва дигар таҷҳизоти зарурии кӯҳнавардию кӯҳгардӣ бошанд, то сайёҳон бе монеа тавонанд онҳоро ба иҷора гирифта, мавриди истифода қарор диҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доро будани захираҳои бойи табиӣ, бахусус минтақаҳои кӯҳӣ барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ имконияти васеъ дорад. Танҳо зарур аст, ки аз ин имконот самаранок истифода бурда, дар рушди ин бахши сайёҳӣ саҳм гузорем.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед






