СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рушди босуръати иқтисодӣ ва тағйиру ташаккули тафаккури созанда дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо равнақи илм ва ихтирооту кашфиёт-фановарӣ муқаррар карда мешавад. Бино бар ин, азбар намудани донишҳои замонавӣ дар рушди кишварҳо нақши аввалиндараҷа дошта, дар ташаккули маърифати ҷомеа таъсири амиқ мерасонад ва ба ҳамин васила, мавқеъ ва нуфузи кишварҳоро дар сатҳи байналмилалӣ дучанд мегардонад. Ин нуктаҳои сарнавиштсоз борҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо додаанд.
— Истиқлоли давлатӣ, суботу амнияти сартосарӣ ва ягонагӣ дар Тоҷикистони азиз аз омилҳое маҳсуб мешаванд, ки барои инкишофи қобилияти эҷодӣ: донишомӯзӣ, ихтироъкорӣ, рушди малакаи зеҳнию ақлонии насли наврас, дарки ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва шинохти мақому мартабаи фарҳангу санъати миллии аҳли ҷомеа имконияту шароит муҳайё намуданд.
Дар ин самт дастовардҳо назаррасанд ва амалҳои шоиста анҷом дода мешаванд. Аз тадбирҳои муҳимми даврон, ки ҳамасола бо иқдоми шоистаи Пешвои миллат дар самти боло бурдани маърифати ҷомеа – тақвияти ҷаҳони маънавии аҳолӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ баргузор мегарданд, озмунҳои ҷурҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон– Ватани азизи ман», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва «Шоҳномахонӣ»-ро таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ном бурд.
Озмунҳо ҷунбиши паҳновари маънавӣ ба вуҷуд оварданд. Ҷалби васеи аҳли ҷомеа ба китобхонӣ ва дар ин замина азбар намудани осори таърихӣ ва фарҳангию маънавии ниёгон, рӯ овардан ба адабиёти оламшумули ҷаҳонӣ ва дарёфти истеъдодҳои ихтироъкору навовару огоҳ ва забондон аз натиҷаи муҳим ва арзишманди озмунҳо дониста мешаванд.
Муҳиммият ва арзиши озмунҳо дар раҳнамоӣ ва ҷалби оммаи шаҳрвандон ба сӯйи илму маърифат зоҳир мешавад. Воқеан, озмунҳо гардиши ҷиддӣ дар самти муроҷиат ба осори пурғановати гузаштагон ва адабиёту санъати ҷаҳонӣ гардиданд. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳамасола дар озмунҳо шумораи зиёди хонандагон, донишҷӯён, магистрону докторантон, устодону кормандон ва алоқамандони илму адаб иштирок меварзанд ва давра ба давра ҳавасмандони иштирок дар озмунҳо меафзоянд. Маҳз таваҷҷуҳ ба китоб ва дониш боиси ҳар сол таъсиси ҷойҳои ифтихорӣ ва номинаҳои нав дар сохтори ин озмунҳо мегардад.
Вобаста ба аҳаммият ва таъсири мусбати озмунҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 иброз медоранд, ки дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд. Дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм –фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд.
Дарвоқеъ, ҷалби шумораи иштирокчиён ва раҳнамоии онҳо ба сӯйи илму дониш ба хотири маърифаткунонии ҷомеа таъсири баланд дошта, хизмати беназири Пешвои муаззами миллат барои миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон аст.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Озмун ба таври бефосила аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад. Мувофиқи амри Сарпарасти озмун – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони баргузории он вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳо оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки барои дар сатҳи баланд, шаффоф ва беғараз доир гардидани Озмун чораҳои зарурӣ мебинанд
Шоёни зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявӣ дар доираи миқдори муайяни шахсон маҳдуд нагардида, баръакс, иштирокчиёни он намояндагони касбу кори гуногун, инчунин ҳамватанони мо аз хориҷи кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ низ буда метавонанд. Яъне, озмун хосият ва аломатҳои сабқати байналмилалиро касб мекунад. Муҳиммият ва афзалияти озмунро сол то сол сатҳи баланди баргузорӣ ва маҳорату заковат ва дараҷаи шоистаи дониши иштирокчиён намоиш медиҳад.
Ҳадафу арзишмандии баргузории озмун дар Низомномаи он, ки ҳамасола ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон замима мегардад, мушаххас ифода меёбад. Аз ҷумла, барои соли равон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026 дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Низомномаи озмун тасдиқ гардида, мутобиқи банди 2-и он «озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрон, аспирантон, докторантон), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун, дигар табақаҳои аҳолӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ доир мегардад».
Чуноне ки мушоҳида мешавад, ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ва фаротар аз он метавонанд дар озмун иштирок кунанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»
Озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2021 то инҷониб идома дорад. Воқеан, озмун бурди ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, зеро таваҷҷуҳи қишри асосии ҷавону навовар ва созандаи кишварро ба худ ҷалб намуда, ба густариши малакаи эҷодии ҳар фард мусоидат хоҳад кард.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон ва ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» тасдиқ карда шуд, ки идомаи мантиқии якдигар мебошанд. Дар ин раванд бо анҷоми муҳлати он «Барномаи нави мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026 — 2030», мувофиқ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2025 амалӣ хоҳад шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» тадбири мантиқӣ, муҳим ва саривақтӣ тавсиф мешавад, зеро бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба фановарӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав гузаронида мешавад.
Мутобиқи банди 21 Низомномаи озмун, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ – муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, магистрантон, ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), муҳандисон, конструкторон ва намояндагони дигари касбу кори гуногуни иштирок карда метавонанд.
Дар шароити кунунӣ масъалаҳои «зеҳни сунъӣ», «рақамикунонӣ» ва «иқтисоди рақамӣ» дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ба рушду тақвияти ин падидаҳои ояндасоз таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равона карда мешавад.
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ноил шудан ба ҳадафҳои чашмдошти «Барномаи нави мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030», инчунин, ҳуҷҷатҳои дигари ба нақшагирии стратегӣ дар самти моликияти зеҳнӣ, иқтисоди рақамӣ, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва падидаҳои дигари алоқаманд мусоидат менамояд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Агар ҳадафи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дарёфти чеҳраҳои суханвару сухандон ва арҷгузор ба осори адибони классику муосир бошад, пас Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба дарёфти чеҳраҳо ва истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва ҳунарҳои алоқаманд ба он, инчунин ба муаррифии эҳёгарони фарҳанги дороманди миллати куҳанбунёди тоҷик мусоидат мекунад. Дар ин ҳолат ҳам ба донишу матншиносӣ ва лаҳни хониш таваҷҷуҳ карда мешавад, ки масъулияти ширкатдоронро зиёд мекунад.
Озмун ҳамасола дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартҳову талаботи муқаррар дар сатҳи баланд доир гардида, ғолибон бо ҷоизаҳои пурарзиш қадрдонӣ карда мешаванд, ки аз ғамхориҳои пайваста ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.
Мутобиқи банди якуми Низомнома, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, ҳадафи озмунро дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, ташкил медиҳад.
Хусусияти фарқкунандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар он ифода меёбад, ки ҳама асарҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, инчунин суруду оҳангҳои ба озмун пешниҳодшаванда, мазмунан, тараннумгари шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлол, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.
Баргузории пайвастаи озмун солҳои охир дар дарёфти истеъдодҳои ҷавону нотакрор ва воқеан, муаррифи санъату анъанаҳои мардум, сабку шеваҳои хосса ва мактабҳои ҳунарӣ самараи бештар медиҳад. Озмун, албатта, барои ҳунармандону сарояндагон ва санъаткорони тоҷик имконияти беҳтарини муаррифии малакаву маҳорат ба шумор меравад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон карда шуд. Тавре ки мушоҳида мегардад, як қисмати муҳимми ин ташаббусро «таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ташкил медиҳад.
Бо ташаббуси шоистаи Пешвои муаззами миллат китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абдулқосими Фирдавсӣ нашр гардида, ба ҳама сокинони мамлакат ройгон тақдим карда шуд. Ин иқдом дар шинохти асари ҷовидона перомуни забону таърихи куҳанбунёди тоҷик – ориёиҳо ва қаҳрамониву достонҳои ҳаётии онҳо бо ҳеҷ осору амале қобили қиёс нест. Дар партави ин ҳама тадбирҳои судманд, ҳамзамон дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025 ба ифтихори 35-солагии ҷашни муқаддаси – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва бо ҳамин роҳ, шинохти беҳтари нақши миллати тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар асари мондагору пурарзиши Ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ –«Шоҳнома» инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.
Озмун дар байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ, ба истиснои узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону муҳаққиқоне, ки вобаста ба «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таҳқиқот анҷом додаанд ё рисолаҳои илмӣ навишта, ҳимоя кардаанд, доир мегардад.
«Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат»
Китоби “Тоҷикон”-ро Президенти Тоҷикистон “шиносномаи миллат” унвон додаанд. Бо мақсади шинохти таърихи пурғановати миллати тамаддунофар ва куҳанбунёди тоҷик, ҳамзамон ба ифтихори 115-солагии муаллифи китоби «Тоҷикон» – аллома Бобоҷон Ғафуров соли 2023 дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» баргузор карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгон, ифтихори ватандорӣ, эҳёи ному корномаи шахсиятҳои таърихӣ, ки дар рушди тамаддуни инсоният бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтаанд, маҳсуб мешавад.
Ҳамин тавр, ташкил ва баргузории ин озмунҳо идомаи сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, ба ҳавасмандӣ ва талошу кӯшиши аҳли ҷомеа дар роҳи илмомӯзӣ, азбар кардани осори мондагори фарзандони фарзонаи миллат, рушди фарҳангу санъати миллӣ, дарёфти истеъдодҳои навовару ихтироъкор, пешрафти техника ва технологияи муосир ва ба ин васила, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа мусоидат менамоянд.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода






