35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони якчанд иншоот, аз қабили бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноат, Суди вилоятӣ, Маркази зеҳни сунъӣ ва «IT park» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар шаҳр сохтмони бинои Суди вилояти Суғд идома дорад. Он аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ барои кормандони мақомоти Суди вилоят фароҳам оварда мешавад. Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи замон таҳия гардида, бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда бунёд мегардад.
Бинои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон, толорҳои конфронсӣ, толорҳои намоиш, ошхона ва ғайра ҷойгир карда мешаванд. Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар самти баргузор намудани намоишгоҳҳои минтақавию ҷаҳонӣ, муаррифии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, дарёфти шарикони рушд ва ҷалби сармояи хориҷӣ нақши хеле муҳим дорад.
Ҳамчунин корҳои сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати хӯроквории Хуҷанд», бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, бинои иловагии чорошёнаи Гимназияи рақами 1, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26, Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, «Маркази It-парк» ва дигар иншоот идома доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд






