Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

Март 30, 2026 20:12

30.03.2026, ноҳияи Мастчоҳ

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!

Ҳамаи шумо – мардуми заҳматқарини вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҳоло таҷлили он дар кишвари соҳибистиқлоламон идома дорад, самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, файзу баракат ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

Таҷлили ҷашни бузурги аҷдоди ориёии мо – Наврӯз, яъне саршавии сол, бедоршавии табиат ва эҳёи тамоми мавҷудоту набототи он имсол дар давраи омодагии мардуми шарифи Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.

Наврӯз барои мардуми тоҷик на танҳо ҷашни фарорасии баҳор, балки ойинаи таърихи куҳан, таҷассумгари ҳувияти миллӣ ва рамзи пайванди наслҳо мебошад.

Зеро миллати куҳанбунёди мо дар тӯли таърихи бостонии худ борҳо ба мушкилоти сарнавиштсоз рӯ ба рӯ гардидааст, вале ҳар дафъа ба шарофати ақлу хирад ва ойину арзишҳои зиндагисози худ, аз ҷумла Наврӯз аз ин мушкилот раҳоӣ ёфтааст.

Маҳз ба шарофати ҳамин арзишҳои зиндагисоз мо ин ҷашни бостонии миллиро дар замони соҳибистиқлолӣ дубора эҳё кардем ва имрӯз онро дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем.

Бинобар ин, истиқлолу озодӣ ва Наврӯз барои мо мафҳумҳои бисёр муқаддас, азиз ва аз ҳамдигар ҷудоинопазир мебошанд.

Наврӯзи имсола барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ дар марҳалаи муҳимми созандагиву ободкорӣ ба хотири истиқболи сазовори 35-солагии соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад.

Дирӯз ва имрӯз мо хуб мушоҳида кардем, ки мардуми шарафманди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо шукргузорӣ аз неъмати истиқлол, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ корҳои ободониву созандагиро хеле вусъат бахшидаанд.

Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, татбиқи пайгиронаи ислоҳоти иқтисодӣ ва заҳмати софдилонаи мардум дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ноҳияи Мастчоҳ хеле ободу зебо ва шароити зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардидааст.

Имрӯз дар ноҳия 13 муассисаи наву замонавии таълимӣ, беморхонаи марказӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо барои аҳолӣ садҳо ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.

Дар соҳаи саноати ноҳия низ пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.

Танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 38 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар афзоиш ёфтааст.

Ин дастовардҳо туҳфаи арзандаи соҳибкорон ва сокинони ноҳия ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошанд.

Тибқи таҳлилҳо соҳаи кишоварзии ноҳия низ бомаром рушд ёфта истодааст.

Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ имконият фароҳам овард, ки шумораи зиёди аҳолии деҳот бо ҷойи кор таъмин ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардад.

Имрӯз дар натиҷаи истифодаи самараноки обу замин истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пайваста афзоиш меёбад.

Ин раванд ба таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – ҳифзи амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд.

Воқеан, бояд гуфт, ки мардуми заҳматдӯсти ноҳия дар зарфи ҳафтод соли гузашта заминҳои беобу гиёҳ, яъне чӯлистони Дилварзинро имрӯз ба гулистон табдил додаанд.

Зарур аст, ки дар шароити бисёр ҳассоси ҷаҳони муосир тамоми захираву имкониятҳо, аз ҷумла об ва ҳар як ваҷаб замин барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум сафарбар карда шаванд.

Тибқи таҳлили коршиносон бар асари ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир дар дунё ҷараён доранд, инчунин, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он соли ҷорӣ нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло меравад.

Хотирнишон менамоям, ки Наврӯз ҷашни пайванди инсон бо замин, айёми оғози корҳои кишоварзӣ ва талош барои баракату фаровонӣ мебошад.

Бинобар ин, мо бояд ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода бурда, барои таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саъю кӯшиш намоем.

Таъкид менамоям, ки истифодаи оқилонаи об ва ҳар як ваҷаб замин шарти муҳимми таъмин намудани пешрафти иқтисоди миллӣ, амнияти озуқавории мамлакат ва зиндагии шоистаи мардуми кишвар мебошад.

Ба шарофати Наврӯз табиат ба мо неруи тоза мебахшад ва бо гармиву сафои худ барои вусъати корҳои созандагиву ободкорӣ беҳтарин шароитро фароҳам месозад.

Сокинони муҳтарам ва ватандӯсти ноҳияи Мастчоҳ!

Қобили зикр аст, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду азнавсозии 735 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз ҳамаи онҳо ба истифода дода шудаанд.

Ин нишондиҳанда гувоҳи равшани ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ва натиҷаи заҳмати созандаи мардуми ноҳия мебошад.

Бо истифода аз фурсат, ба кулли сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти ин гӯшаи Ватани азизамон изҳори сипос менамоям.

Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда суръати корҳои созандагиро боз ҳам тақвият бахшида, ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол намоянд.

Мо бояд ба тозаву озода гардонидани ҳар як хона, маҳалли зист ва хиёбону гулгашти диёрамон эътибори доимӣ диҳем, Ватанамонро обод ва давлатамонро пешрафта созем ва ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос гузорем.

Мардуми ноҳия, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои мавҷуда ва беҳтар кардани шароити зиндагии ҳар як оила бунёди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо, бунгоҳу марказҳои тиббӣ, роҳу пулҳо ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолиро бомаром идома додан зарур аст.

Бовар дорам, ки соҳибкорон ва мардуми бонангу номуси ноҳияи Мастчоҳ то охири сол боз даҳҳо иншооти дигарро бунёд карда, ба истифода месупоранд ва барои хамдиёрони худ садҳо ҷойи кории нав муҳайё сохта, дар ободу зебо гардидани ноҳия ва деҳоти он саҳми арзишманд мегузоранд.

Чунонки имрӯз дида мешавад, сохта ба истифода додани Қасри фарҳанг, таҷдиди боғҳои фарҳангу фароғат, қомат афрохтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва иншооти дигар боиси болоравии маънавиёти ҷомеа ва ободу зебо гардидани ноҳия гардидаанд.

Мо бояд бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем.

Фарзандони мо, яъне соҳибони ояндаи миллат ва давлат бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, забон, таъриху фарҳанг, расму ойинҳо, дигар арзишҳои миллии тоҷикон ва рамзҳои муқаддаси давлатӣ, аз ҷумла суннату анъанаҳои Наврӯзро хуб донанд, гиромӣ доранд, онҳоро ҳифз кунанд ва густариш бахшанд.

Таъкид месозам, ки дар шароити бисёр ҳассосу пурҳаводиси ҷаҳони муосир масъалаи ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстии мардуми бонангу номуси вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ эътимоди комил дорам.

Итминон дорам, ки шумо то ҷашни бузурги 35-солагии истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои боз ҳам бештари созандагиву ободкорӣ ноил мегардед.

Бигзор, ҷашни Наврӯзи бостонӣ – ин ёдгори беназири гузаштагонамон дар қалби ҳар як сокини ноҳия шуълаи умед, ваҳдат ва ифтихори миллиро боз ҳам фурӯзону мустаҳкам гардонад.

Бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинони вилояти Суғд, ноҳияи Мастчоҳ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, файзу баракат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Март 30, 2026 20:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷашни Наврӯз ботантана таҷлил гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти ин унвон дар Ёвон ҳамоиши бошукуҳи наврӯзӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷашни Наврӯзро бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуд