ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 март, ҷумъа, 65-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 6, 2026 08:00

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот таъсис дода шуд.

***

6 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳо тақдим намуданд.

***

6 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди истифода қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

6 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии дандонпизишк.

***

Рӯзи ҷаҳонии глаукома (касалии чашм)

***

Дар Муғулистон – Рӯзи матбуот.

***

Дар Гана – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  маҷаллаи «Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ» нашр шуд.

***

6 марти соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1899 доруи аспирин  ба қайд гирифта шуд. Аспирин дар аввал ҳамчун хока ва сипас дар шакли планшет дар соли 1904 фурӯхта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок кардан дода шуд.

***

6 марти соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.

***

Соли 1902 клуби футболи «Реал» (Мадрид) таъсис дода шуд.

***

6 марти соли 1925 — шумораи якуми газетаи «Пионерская правда» аз чоп баромад.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Расул Ҳодизода — соли 1928 — адабиётшинос, мунаққид, нависанда, тарҷумон. Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954), доктори илми филология (1970).

Март 6, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш