ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли баҳор системаи муҳофизатии орагнизми инсон — иммунитет суст шуда, дигар ба муқобили бемориҳо фаъолона мубориза бурда наметавонад. Табибон сабаби асосии заиф гаштани иммунитетро ба норасоии витамину минералҳо дар ҷисми инсон бинобар сардиҳои фасли зимистон, кӯтоҳ будани рӯзҳо ва норасоии нури Офтоб рабт медиҳанд. Барои барқарор намудани витаминҳо дар организм инсон бояд растаниҳои фоидабахшро истеъмол намояд. Яке аз онҳо исфаноҷ мебошад. Чунин маслиҳат медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.
Норасоии калий боиси заъфи мушакҳо мегардад, исфаноҷ бошад аз калий бой аст. Шумо метавонед исфаноҷи тару тозаро ба хӯриш, шӯрбо ва дигар хӯрокҳо илова кунед. Он дорои унсури муҳим — оҳан аст, ки барои ташаккули гемоглобин ва интиқоли оксиген зарур аст. Оҳан инчунин дар истеҳсоли энергия иштирок мекунад ва норасоии оҳан мутаносибан боиси хастагӣ мегардад.
Исфаноҷ инчунин барои тавлиди энергия ва ҳазми дуруст магний талаб мекунад. Норасоии магний боиси руҳафтодагӣ, бехобӣ ва аз даст додани иштиҳо мегардад.
Ба тавсияи табибон, он маҳсулоти камкалория буда, барои онҳое, ки мехоҳанд вазнашонро кам кунанд, муфид аст. Кислотаи шавеликӣ (кислотаи органикие, ки дар бисёр растаниҳо (исфаноҷ, лаблабу) мавҷуд аст), ки дар ин сабзавот мавҷуд аст, кори меъдаро барқарор карда, иштиҳоро зиёд мекунад. Нахи парҳезӣ рӯдаҳоро мустаҳкам мекунад.
Баргҳои исфаноҷ, ки дар хӯрок истифода мешаванд, дарди сарро рафъ мекунанд.Он дорои маҷмуи антиоксидантҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҷавониро нигоҳ медорад ва аз пайдоиши саратон пешгирӣ мекунад.
Олимони швейтсарӣ муайян кардаанд, ки истеъмоли мунтазами исфаноҷ вобастагии инсулинро дар беморони гирифтори диабет коҳиш медиҳад. Инчунин заноне, ки аз мастопатия азият мекашанд, бояд ҳар рӯз миқдори муайяни исфаноҷро истеъмол намоянд.
Баргҳои исфаноҷ ҳам барои зани ҳомила ва ҳам барои кӯдаки ӯ хеле муфиданд. Хӯрише, ки аз ин сабзавот тайёр карда мешавад, баданро аз токсинҳо, моддаҳои заҳролуд ва партовҳои гуногун тоза мекунад. Исфаноҷ инчунин масуниятро афзоиш дода, эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро коҳиш медиҳад.
Калсий ва чанд моддаи ғизоии дигар, ки дар исфаноҷ мавҷуданд, бофтаи устухонро мустаҳкам карда, бемориҳои системаи мушакҳо ва устухонҳоро табобат мекунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед






