УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад

Март 3, 2026 09:51

ДУШАНБЕ, 03.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 4 сол пеш, 3 марти соли 2022 дар шаҳри Боку Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки 3 марти соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари расмӣ анҷом доданд. Дар доираи сафари расмӣ дар Озарбойҷон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сарвари мақомоти иҷроияи шаҳри Боку Элдар Азизов мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат Рустами Эмомалӣ нақши сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиевро дар тавсеаву тақвияти маҷмӯи муносибатҳои дӯстонаи тарафайн таъкид карданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории гуногунҷанбаи шаҳрҳои Душанбе ва Боку, тақвияти корҳо дар самти фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди фаъолияти тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ, инчунин мубодилаи таҷриба байни сохторҳои шаҳрии хоҷагидорӣ ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

Дар фарҷоми музокирот Рустами Эмомалӣ ва Элдар Азизов Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Бокуро ба имзо расониданд.

Хотиррасон мешавем, ки байни шаҳри Душанбе ва зиёда аз 20 шаҳри ҷаҳон, аз ҷумла бо Клагенфурт (Ҷумҳурии Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон), Давҳа (Давлати Қатар), Исломобод (Ҷумҳурии Исломии Покистон), Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон), Лусака (Замбия), Санъо (Ҷумҳурии Яман), Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Санкт-петербург (Федератсияи Русия), Минск (Беларус), Ашқобод (Туркманистон), Анқара (Ҷумҳурии Туркия) ва шаҳрҳои Урумчӣ, Сямэн, Чиндао ва Музофоти Хайнан (Ҷумҳурии Мардумии Чин) муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор гардида, ҳамкории мутақобилан судманди шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо дар ҳоли рушд қарор дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 3, 2026 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд