«ЗАНОНУ МОДАРОН — ПОЯГУЗОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ». Дар Бохтар ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Модар дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти уновни «Занону модарон-поягузори ҷомеаи солим» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода иброз намуд, ки имрӯз бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои духтарон, дастгирии соҳибкории занон ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ амалӣ гардида, рушди устувори давлат бе иштироки фаъолонаи занон ғайриимкон аст.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба маротиб афзоиш ёфт. Имрӯз онҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ ва идоракунии давлатӣ фаъолона кор мекунанд. Ҳузури занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва сохторҳои давлатӣ далели равшани болоравии мақоми зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамоиш занону модарони собиқадори ҳизб доир ба бузургии зан-модар ва ташаббусҳои ояндасози Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти барқарорсозии сулҳу субот ва расидан ба Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ намуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон









Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
АГАР ДУОИ МОДАР БОШАД, РОҲ РАВШАН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Модар
Ба муносибати Рӯзи Модар дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ чорабинии идона баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид






