Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
ДУШАНБЕ, 31.03.2026./АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 30 пойгоҳи баз авии стандарти 4G/LTE моҳҳои январ-феврали соли равон дар шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» пайдо шуданд. Оператор бо таваҷҷуҳи асосӣ ба сифати баланди хизматрасониҳо инчунин ба навсозии таҷҳизоте, ки барои алоқаи овозӣ нигаронида шудаанд, шуруъ намуд.
Пойгоҳҳои нави базавии насли чорум дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба истифода дода шуданд. Дар вилояти Суғд шабакаи 4G дар шаҳрҳои Бӯстон, Панҷакент ва Хуҷанд, ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан пурзӯр карда шуд. Дар вилояти Хатлон – дар ноҳияҳои Қубодиён ва Фархор. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷҳизоти нав дар ноҳияи Мурғоб ба кор даромад. Лоиҳаи рушди шабака инчунин шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, ноҳияҳои Варзоб, Рашт ва Рӯдакиро фаро гирифт. Дар ҷойҳое, ки пойгоҳҳои базавии нав ба кор андохта шуданд, суръати интернети мобилӣ 2-3 баробар афзоиш ёфт.
Таҷҳизоти 4G имкон медиҳад, ки на танҳо суръати таҳвили маълумот афзоиш ёбад, балки зангҳо дар шабакаи LTE бо садои равшантару тозатар дастрас гарданд. Навсозӣ аллакай натиҷа дод: шумораи истифодабарандагони технологияи VoLTE (Voice over LTE) дар муқоиса бо соли гузашта се баробар афзуд – аз 5 фоиз то 15 фоиз аз шумораи умумии муштариёни ширкат. Васеъшавии минтақаи фарогирии 4G/LTE ба муштариён имкон медиҳад, ки даъватҳои овозиро устувору муттасил анҷом диҳанд.
Раванди муосиргардонии коммутаторҳои овозӣ ва базаи иттилооти алоқаи овозӣ (CS Core) идома дорад. Лоиҳа навсозии таъминоти барномавӣ-таҷҳизотии унсурҳои асосӣ, муносибгардонии сохтор ва зиёдкунии захираҳоро барои коркарди трафики овозӣ дар бар мегирад. Ин тадбирҳо устувории шабакаро ҳангоми сарбориҳои зиёд баланд бардошта, вақти пайвасткуниро кам ва сифати даъватҳои овозиро беҳтар мекунанд.
«Рақамикунонии Тоҷикистон – лоиҳаи бузургест, ки аз маҷмуи амалҳои хурд иборат аст. Ҳар пойгоҳи базавии насли чорум, ҳар як километри хати алоқаи нахи нурӣ моро ба ҳадаф наздиктар месозад. Кори ҳаррӯзаи кормандони алоқа имконияти навро барои тиҷорат фароҳам оварда, digital-хизматрасониҳоро барои муштариён дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боз ҳам дастрас мегардонад», — мегӯяд директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон Ғаниев.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






