Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин Ненад Лалович мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар оғоз муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи нахустини меҳмон ва ҳайати ҳамроҳро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри зебои Душанбе самимона хайрамақдам гуфта, иброз намуданд, ки ин сафар қадами муҳим ва муассир дар самти таҳкими ҳамкории минбаъда дар соҳаи варзиш, бахусус гӯштин аст, ки аз ҷумлаи маъруфтарин ва маҳбубтарин намудҳои варзиш дар кишвари мо маҳсуб мешавад.
Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин Ненад Лалович ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон кард, ки ҳамкорӣ дар ин самт бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хеле хубу муассир ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои ҳамкории минбаъда ва рушди навъҳои гӯштин дар Тоҷикистон муфассал мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид






