35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Кадучӣ толори варзишию маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 28.04.2026. /АМИТ«Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи дурдасти Кадучии Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода толори варзишӣ барои тамрини гӯштини миллӣ ва маркази савдою хизматрасонии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар маркази хизматрасонӣ мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти рӯзгор, маҳсулоти хӯроки чорво ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ фаъолият мекунанд. Дар ошёнаи дуюми он бунёди коргоҳи дӯзандагӣ барои занону духтарони деҳа дар назар дошта шудааст.
Сокинони деҳаи Кадучӣ дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, то имрӯз роҳҳои аз маркази Ҷамоати деҳоти Работ то ин деҳаро қисман бетонпӯш ва қисман асфалтпӯш карда, муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ бунёд намудаанд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни вохӯрӣ бо сокинони деҳа иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаҳои дурдасттарини Тоҷикистон, аз ҷумла деҳаи Кадучӣ рӯз аз рӯз ободу зебо мегарданд.
Раиси шаҳр наврасону ҷавонони деҳаи Кадучӣ, бахусус духтаронро ба илму касбомӯзӣ, забондонӣ, ободкорӣ, дур будан аз амалҳои номатлуби ҷомеа ва тақлид ба фарҳанги бегона даъват намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и Ҷамоати деҳоти Работ низ корҳои сохтмонӣ идома дошта, он дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






