35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистони хусусӣ ва толорҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд

Апрель 29, 2026 10:23

ДУШАНБЕ, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Турсунзода чанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Аз ҷумла, ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият» иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуда, сохтмону навсозии муассисаҳои таълимии №16, 111, 42, 48, кӯдакистони хусусӣ ва толорҳои варзишӣ босуръат идома дорад.

Ҳамчунин сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 дар Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода идома дорад.

Тибқи нақша, муассисаи мазкур бо тамоми шароити муосири таълим таъмин мегардад. Иншоот то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Дар доираи тадбирҳои судманд дар деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода Маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуд.

Инчунин дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият»  хонаи доругузаронӣ сохта шуд. Ин амал ба расонидани кумаки аввалини тиббии саривақтӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи ҳамин созандагию бунёдкорӣ ба тариқи ҳашар аз ҷониби сокинони деҳаи дурдасти кӯҳистони Навобод дар Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода об бароварда мешавад.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ иштирок намуда, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти ҷашнӣ шинос шуд.

Чунин тадбирҳои созанда дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон ва рушди устувори минтақа мусоидат менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 29, 2026 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд