35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд

Апрель 14, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар   вилояти Суғд сохтмони бинои иловагии Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил ва бинои Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон идома дорад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Бинои иловагии Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рафъи норасоии ҷойи нишаст сохта мешавад.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари мамлакат корҳои ободонӣ вусъати тоза касб намудаанд.

Ҳамчунин сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, дорои беш аз 90 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои хурд барои то 40 нафар, китобхона, бойгонӣ ва ошхона мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди чунин маркази муосир заминаи мусоид барои густариши фаъолияти ҳизбӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаю мардумии он мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 14, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд