Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд

Апрель 2, 2026 10:42

ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорони бонангу номуси ин шаҳр дар Ҷамоати Зиракии деҳоти Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб Мусобиқаи калони гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо ҳузури беш аз 30 ҳазор мухлис ва ҳаводорони варзиши тоҷик дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар мусобиқа паҳлавонони шинохтаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Кӯлоб хеле ҷолиб доир гардида, дар он беҳтарин паҳлавонон давоми беш аз 7 соат рақобат намуданд. Дар мусобиқа паҳлавонони шинохтаи тоҷик Шарифҷон Назриев, Хуршед Маҷидов, Фирдавс Насимов, Ғазалшои Давлатшо, Абубакри Акобир, Дадахон Қурбоналиев, Абубакр Шеров, Наврӯзи Каримзод, Ёсин Бобокалонов, Субҳиддин Халилзода, Шодмон Ризоев, Илҳомиддин Ҷабборов ва дигарон нисбат ба ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, ҷоизаҳои олиро сазовор гардиданд.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба иштирокчиён туҳфаҳои гуногун, аз қабили мабалағҳои калони пулӣ ва 3 мошин ҳамчун Шоҳҷоиза гузошта шуд. Як мошинро паҳлавони шинохта Абубакр Шеров аз шаҳри Душанбе пас аз ғолиб омадан бар паҳлавони ҷавони ноҳияи Хуросон Ёсин Бобокалонов соҳиб гардид.

Ҳамчунин як Шоҳҷоизаи дигар байни ду паҳлавони шинохта- Шодмон Ризоев аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷасур аз Ҷумҳурии Узбекистон гузошта шуд. Ин варзишгарон давоми беш аз як соат рақобат карданд ва Ҷасур паҳлавон аз Ҷумҳурии Узбекистон Шоҳҷоиза- мошини электромобилро соҳиб гардид.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 2, 2026 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд