Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад

Апрель 24, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ дар шаҳри Душанбе бори сеюм Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар асоси маълумоти муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков хабар медиҳад.

Дар Мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2026» то ҳоло 268 варзишгар (156 мард ва 112 зан) аз 34 давлати се қораи ҷаҳон номнавис шудаанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 39 варзишгар (28 мард ва 11 зан) дохиланд: Меҳрзод Суфиев, Рамзиддин Азизов, Лоиқ Қутбиддинов ва Икром Шамсов дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Искандар Маҳмадхоҷазода ва Мусаниф Миробов дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев, Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф ва Бинёмин Назиров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев, Бахтиёр Бозоров ва Суннатулло Мусоев дар вазни то 81кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Саидраҳим Раҳимов ва Туйчибек Шарипов дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов, Муҳсин Малаев, Сомонӣ Кишваров ва Азизҷон Акрамов дар вазни то 100 кг, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Муҳаммадрасул Давлатов, Умар Муносибов ва Мансур Раҳмонов дар вазни +100 кг байни мардон.

Ба ҳайати духтарон Нушин Ҷумъаева, Аҳлия Муъминова, Ҳоҷинисо Назарова ва Марям Назарова дар вазни то 48 кг, Суҳайло Сафарзода, Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумъаева ва Райҳонаи Розиқзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан, Раҳмия Ханҷарбекова дар вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +70 кг дохил мебошанд.

Варзишгарон дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 24, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад