Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 10 апрел дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон намояндагони «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Вазорати фарҳанг иштирок намуда, тибқи барнома дар мавзуъҳои мубрами соҳа суханронӣ намуданд.
Ҷаласа аз ҷониби Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратии Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ташкил шуда, ба мавзуи «Охирин тағйиру иловаҳо дар соҳаи ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ — ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷойи пайдоиши мол» бахшида шуд.
Дар доираи ҷаласа инчунин вохӯрии дуҷонибаи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ, такмили қонунгузорӣ вобаста ба ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷойи пайдоиши мол, инчунин рушди ҳуқуқҳои муаллиф ва омӯзиши мутахассисонро баррасӣ карданд.
Ҳамзамон вохӯрии дуҷонибаи ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Агентии моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи созишномаи байниҳукуматӣ, аз ҷумла табодули таҷриба дар самти рақамикунонӣ, такмили низоми қонунгузорӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисон ва баргузории чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки густариши ҳамкории дуҷониба метавонад ба рушди минбаъдаи соҳаи моликияти зеҳнӣ дар ҳар ду давлат мусоидат намояд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






