Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид

Апрель 3, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 03.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Узбекистон, котиби Шурои вазирони мудофиа, дифоъ ва котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва рушди ҳамкории низомӣ дар шароити кунунӣ баррасӣ шуданд. Иштирокчиён дар шароити имрӯза боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории муштарак ва ояндаи рушди системаи муштараки ҳарбиро ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Пас аз ҷаласа қарорҳои Шурои вазирони мудофиа, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкории низомӣ ва тақвияти неруҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нигаронида шудаанд, ба имзо расиданд.

Дар доираи ҷаласа вохӯрии Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода бо Вазири мудофиаи Федератсияи Русия Андрей Белоусов доир гардид.

Дар вохӯрӣ ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷониба ва масъалаҳои муҳими минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 3, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид