Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!

Апрель 30, 2026 16:27

ДУШАНБЕ, 30.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи талаботи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайриқонунӣ тайёр кардан, ворид намудан ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ ҳамчун ҷиноят эътироф гардида, барои чунин кирдорҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 400 то 600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол пешбинӣ карда шудааст. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Қонунгузорӣ паҳн намудани чунин маводро махсусан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет амали хавфнок арзёбӣ намуда, бо мақсади ҳифзи ахлоқи ҷомеа ва тарбияи дурусти насли наврас ҷазоҳои қатъӣ муқаррар кардааст. Ҳамзамон паҳн намудани «смайлик»-ҳо, тасвирҳо ва дигар маводи дорои хусусияти шаҳвонӣ низ метавонад ба ахлоқи ҷомеа таъсири манфӣ расонад ва ба фарҳангу арзишҳои миллӣ мухолиф бошад.

Дар баробари ин, қонунгузорӣ ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятиро низ ҷиноят мешуморад. Аз ҷумла, ҷалби онҳо ба истеъмоли мунтазами нӯшокиҳои спиртӣ, истифодаи ғайритиббии моддаҳои сахттаъсир ё дигар воситаҳои мадҳушкунанда, инчунин ба фоҳишагӣ, оворагардӣ ва талбандагӣ боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад. Барои чунин амалҳо ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол пешбинӣ шудааст.

Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки нисбат ба тарбияи ноболиғон бетараф набошанд ва аз содир намудани чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Апрель 30, 2026 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид