Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омӯзиши забони форсӣ, такмили маҳорату малакаи омӯзгорон ва донишҷӯёни риштаи забони форсӣ, инчунин имконияти густариши ҳамкории минбаъдаи таълимӣ дар вохӯрии намояндагони Донишгоҳи Оксфорд — профессор Эдмунд Ҳерзиг, доктор Фарниёз Закир ва Ани Бет-Мовсес бо ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода баррасӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҷалби донишҷӯёни Донишгоҳи Оксфордро барои таҷрибаомӯзӣ ва такмили маҳорату малакаи муоширати забони тоҷикию форсӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин ба масъалаи ташкили мактабҳои тобистона ва зимистона дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҷалби донишҷӯёни Донишгоҳи Оксфорд ба ин мактабҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар интиҳо ба намояндагони Донишгоҳи Оксфорд китоби мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» бо забони англисӣ тақдим карда шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






