Ҷавонони шаҳри Кӯлоб нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Кӯлоб дар рӯзи аввали сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи даъвати ҷавононро иҷро намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва падару модарони даъватшавандагон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи муқаддаси ҳар як ҷавони ватандӯст буда, саҳми арзанда дар ҳифзи истиқлолу амнияти кишвар маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки нақши оила, бахусус падару модарон, дар тарбияи ҷавонони шуҷоъ ва масъулиятшинос бисёр муҳим мебошад.
Падару модарони сарбозон бо ҳисси ифтихор аз фарзандони худ ёдовар шуда, ба онҳо роҳи сафед, хизмати содиқона ва баргашти сарбаландона таманно намуданд.
Собиқадорони меҳнат ҷавононро ба садоқат ба Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҳидоят намуданд.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, бо сурудҳои ватандӯстона ва гусели гарму самимии даъватшавандагон анҷом ёфт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






