Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
ТУРСУНЗОДА, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Комиссариати ҳарбии шаҳри Турсунзода Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд. Зимни он ҷавонони даъватшавандаи шаҳр бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни ҳамоиш изҳор намуд, ки «имрӯз ҷавонони бономус барои адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан – Модар ҷамъ омада, азм намудаанд, ки ба Ватан содиқона хизмат кунанд. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар симои сарбозони ҷасури Ватан ҳомиёни сулҳу оромии сарзамини аҷдодиро мебинанд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромии давлат барои рушду ободии он дар ҷабҳаҳои гуногун софдилона заҳмат менамоянд».
Раиси шаҳр оид ба масъулиятшиносӣ ва ташаббуси ватанпарастона, ҳувияти баланди миллӣ, матонату ҷавонмардии даъватшавандагон сухан ронда, ба волидайнашон изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар ҳамоиш ба 155 нафаре, ки даври омӯзиши ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ дохил шудан ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Волидайни даъватшавандагон иброз доштанд, ки “ҳифзи оромиву осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, Артиши миллӣ мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва шуҷоат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ мо, модарон бояд фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, бо ифтихори баланд ба сафи Артиши миллӣ гусел намоем”.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода













Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






