Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд

Апрель 29, 2026 15:44

ДУШАНБЕ, 29.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел муовини Раиси шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода бо муовини Раиси шаҳри Антверпени Подшоҳии Белгия Йоҳан Клапс вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо имконияти ба роҳ мондани ҳамкории фарогир байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпенро дар соҳаҳои иқтисод, саноат, нақлиёт ва логистика, технологияҳои рақамӣ ва шаҳри ҳушманд баррасӣ намуданд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои энергетикӣ ва рақамӣ, бунёди иншооти устувор, истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия ва таъсиси экосистемаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.

Тарафҳо барои таҳкими ҳамкории амалӣ ва тавсеаи робитаҳои байнимардумӣ низ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки Антверпен ҳамчун пойтахти минтақаи Фландрия бо зарфияти азими саноатӣ ва содиротӣ на танҳо дар Подшоҳии Белгия, балки дар миқёси Аврупо низ мақоми хосса дорад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия

Апрель 29, 2026 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад