Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳимми стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро муайян менамояд. Ин нукта зимни ҳамоиш дар Бонки миллии Тоҷикистон иброз гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҳамоиш Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шарҳу тавзеҳ дода шуд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисоди миллӣ, густариши технологияҳои рақамӣ ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Ҳамчунин ба низоми бонкӣ барои баланд бардоштани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи самараноки инфрасохтори пардохт, ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, афзоиши пасандозҳо, тавсеаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва такмили бозори қарзҳои ипотекӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шудаанд.
Гуфта шуд, ки вазифаҳои дар назди низоми бонкии мамлакат гузошташуда аз ҳар корманд малакаи баланди касбӣ ва масъулияти баландро тақозо намуда, андешидани тадбирҳои саривақтиро барои саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисоди мамлакат зарур мегардонад.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода изҳор дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун василаи муҳимми муайянсозии ҳадафҳои стратегӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти давлатдории миллӣ хизмат менамояд. Гуфта шуд, ки яке аз иқдоми назарраси ташкилоти ҳизбӣ дар солҳои охир тақвият бахшидани худшиносию ватандустӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагӣ ҷалб намудани сокинон аст. Худшиносии миллӣ инъикосгари хусусияти руҳиву равонии ҷомеа, нақши таърихию сиёсии миллат, шинохти ҷойгоҳ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллӣ аст. Худшиносии миллӣ дар дарки зарурати суботу амният, ваҳдат ва якпорчагии марзу буми ватан ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ифода меёбад.
Таъкид шуд, ки талошҳои пайвастаи Пешвои миллат замина фароҳам оварданд, то мардуми Тоҷикистон ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ташакул ёбанд ва худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими руҳияи ягонаи миллӣ дар ҷомеа тақвият ёбанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад






