Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 25.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ доир мегардад, ки ба баррасии масъалаҳои муҳими амниятӣ ва ҳамкории минтақавӣ бахшида мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум дар мавзуи «Низоми амнияти Осиёи Марказӣ: нигарониҳо, таҳдидҳои муосир ва зарфиятҳои стратегӣ» баргузор карда мешавад.
Дар кори форум намояндагони марказҳои таҳлилӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи коршиносон ва намояндагони корпуси дипломатии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.
Зимни форум масъалаҳои вобаста ба чолишҳо ва имкониятҳои дохилиминтақавӣ ва фароминтақавӣ, ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва нақлиётӣ-транзитии таъмини амният, инчунин дурнамои имкониятҳои стратегии минтақа мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои форум тавсияҳои амалӣ барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ, коҳиш додани таҳдидҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда таҳия карда шаванд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






