Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид

Апрель 10, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба  густариши ҳамкорӣ  ва ҷалби сармоя дар мулоқоти Раиси Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо  намояндагони Бонки Осиёии рушд дар Душанбе  баррасӣ карда шуданд, иттилоъ  медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусоҳибон ба  ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок, хусусан ба имконияти рушди идоракунии кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ бештар таваҷҷуҳ равона карда шуд. Ҷонибҳо доир ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳистон, беҳтар кардани инфрасохтори маҳаллӣ ва сатҳи зиндагӣ мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид шуд, ки амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар ин самтҳо метавонад ба тақвияти иқтидори иқтисодии мамлакат ва рушди устувор мусоидат намояд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 10, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст