Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
ДУШАНБЕ 19.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид, ки дар он 28 шоҳмотбози наврас аз шаҳру ноҳияҳо бо ҳам сабқат намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.
Дар мусобиқа се гуруҳ кӯдакони аз 7 то 11-сола, аз 12 то 17-сола ва аз 17-сола боло иштирок намуданд. Дар баробари шоҳмотбозони наврас байни мураббиёни онҳо низ мусобиқа доир шуд.
Директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят иброз дошт, ки бозии шоҳмот дар инкишофи мағзи сари инсон нақши муҳимро иҷро мекунад. Ҳангоми омодагӣ ба дарс ё мутолиаи адабиёти иловагӣ агар яке аз қисматҳои майнаи сар фаъол гардад, ҳангоми бозии шоҳмот ҳар ду қисмат- ҳам чап ва ҳам рост ба кор медароянд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки шоҳмот варзиши сабук дониста мешавад. Ҳангоми бозии шоҳмот варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан инкишоф меёбад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозии варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст.
Дар фарҷом ғолибони даври вилоятии мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС аз бойгонӣ








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






