Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд

Апрель 1, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 01.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар иҷлосия Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Рушди сайёҳии ҳушманд ва таҳсилот дар соҳаи соҳибкорӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми Ввазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва аъзои кумита оид ба иқтисод ва молия Ҳусния Исҳоқӣ ва Нигина Шарифзода шарҳу тавзеҳ доданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 1, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд