Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд

Апрель 24, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраки Нефтобод, Нурафшон, Шӯроб ва ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Сурх, Зумрад, Хонобод, Навгилем, Кӯлканд, Чилгазӣ ва Лаккон дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» вохӯрӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии таассубу хурофот ва тақвияти арзишҳои миллӣ дар ҷомеа буд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки худшиносии миллӣ на танҳо омили ифтихор аз таъриху фарҳанг, балки заминаи устувори ташаккули ҷаҳонбинии солими шаҳрвандон мебошад. Ҷомеае, ки дорои сатҳи баланди худогоҳӣ аст, ба осонӣ таҳти таъсири ақидаҳои бегона ва хурофотӣ қарор намегирад. Аз ин рӯ дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти дучанд касб мекунад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни вохӯрӣ иброз намуд, ки таассуб ва хурофот дар баъзе мавридҳо метавонанд боиси қонуншиканӣ ва нооромии иҷтимоӣ гарданд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои муҳими пешгирии чунин падидаҳо мебошад.

Таъкид гардид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин ба корҳои фаҳмондадиҳӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҳамкории зич байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеа дар ин самт хеле муҳим аст. Дар ин замин риояи қонун ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бояд ба як меъёри зиндагии ҳар як шаҳрванд табдил ёбад.

Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода доир ба масъалаҳои танзими ҷашну маросимҳо ва пешгирии хурофотпарастӣ изҳор намуд, ки бисёре аз падидаҳои хурофотӣ аз надонистани моҳияти аслии арзишҳои динӣ сарчашма мегиранд.

«Дин ҳеҷ гоҳ тарафдори хурофот нест ва баръакс, ба огоҳӣ ва илму маърифат даъват мекунад. Маърифати дурусти динӣ метавонад ҷомеаро аз таъсири андешаҳои ифротӣ ва хурофотӣ эмин нигоҳ дорад. Аз ин рӯ корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд пайваста ва бо усулҳои муосир ба роҳ монда шаванд», – баён намуд Сулаймон Давлатзода.

Иштирокчиён иброз намуданд, ки пешгирии таассуб ва хурофот танҳо бо роҳи ҳамкории ҳамаҷонибаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир аст. Бояд тавассути барномаҳои таълимӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ сатҳи огоҳии ҷавонон баланд бардошта шавад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Апрель 24, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид