Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад

Апрель 13, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи сиёсати давлатӣ барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтори коммуналӣ байни Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғо Хон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин санад ба татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории ҷомеа тавассути воситаҳои пойдори зиндагӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва Сангвори минтақаи Рашт» нигаронида шудааст.

Дар доираи Ёддошти тафоҳум татбиқи лоиҳаи инфрасохтории «Беҳсозии таъминоти оби тозаи нӯшокӣ барои сокинони деҳаи Сабзазори ноҳияи Тоҷикобод» пешбинӣ гардидааст. Он яке аз иқдоми муҳими иҷтимоӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои босифати коммуналӣ ба ҳисоб меравад.

Татбиқи лоиҳа ба таъмини беш аз 600 хоҷагӣ бо оби тозаи нӯшокӣ равона гардида, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти санитарӣ, пешгирии бемориҳои вобаста ба об ва рушди устувори минтақа мусоидат менамояд.

Имзои Ёддошти ҳусни тафоҳум қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати коммуналӣ мебошад.

АКС: Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»