Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд

Апрель 6, 2026 15:20

ФАЙЗОБОД, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар деҳаи Устошамси Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод  коргоҳи  ҳунарҳои мардумӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Файзобод хабар доданд.

Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Суҳроб Латипов бунёд ёфтааст, ки ба рушди соҳаи истеҳсолот, таъсиси ҷойи нави кор  барои занону духтарони  деҳот ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Сарой, Шерамон ва Зарнисори ноҳияи Файзобод Маркази инкишофи кӯдак, дар назди муассисаи таълимии  деҳаи Устошамс  майдончаи варзишӣ ва дар деҳаи Мискинобод  толори варзишию  ҳамоми замонавӣ ба истифода дода шуданд.

Зимни ифтитоҳи иншоот иброз гардид, ки  бунёди он ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, рушди оммавии варзиш, инчунин беҳтар намудани инфрасохтори соҳа мусоидат мекунад. Он инчунин барои фароҳам овардани шароити мусоиди машқу тамрин, таъсиси ҷойи нави кор, муҳайё гардидани шароити зиндагӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Апрель 6, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад