Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон 18 апрел дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад.Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ниммарафони XVI байналмилалӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе доир шуда, дар он варзишгарони тоҷик ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон иштирок менамоянд.
Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаи Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур дохил шудааст. Танҳо соли 2020 ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.
Мусобиқаи байналмилалӣ бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодию иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт дар баробари ниммарафони Душанбе инчунин дигар мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангиву оммавӣ ва озмунҳо баргузор карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»






