Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид

Апрель 23, 2026 15:28

 ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даври вилоятии Мусобиқаи ҳарбию варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Дар даври вилоятии мусобиқа ҷойи аввалро дастаи шаҳри Хоруғ, ҷойи дуюмро дастаи Рӯшон ва зинаи сеюмро дастаи Роштқалъа соҳиб шуданд. Ғолибон бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳадафи мусобиқаи ҳарбию варзишӣ боз ҳам баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, обутоби руҳию ҷисмонӣ ва дар оянда ба хизмати Ватан омода кардани наврасон мебошад. Таҷриба нишон дод, ки он хонандагоне, ки дар чунин мусобиқаҳо иштирок мекунанд, ҳангоми хизмати аскарӣ ба  мушкилии ҷисмонию  равонӣ дучор намегарданд.

Наврасон аз рӯйи намудҳои тирпаронӣ, ҷудо ва пайваст кардани силоҳ, ба рӯ кашидани ниқоби газӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ, таҳия ва шарҳи рӯзномаи деворӣ бо ҳам рақобат карданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Апрель 23, 2026 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид