Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москва дар доираи эълон гардидани соли 2026 “Соли ягонагии миллатҳо” дар Русия Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ “Ховар” дар Федератсияи Русия.
Мусобиқаи мазкур бо ибтикории Ассамблеяи байналхалқии “Дӯстии миллатҳо” дар ҳамкории бо Клубии варзишии Ҷоизадори Бозиҳои Олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев “New Fitness”, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо дастгирии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар мусобиқа беш аз 100 нафар варзишгарон аз зиёда аз 15 вилояти Русия, аз ҷумла аз Екатеренбург, Тюмен, Ростов на Дону, Иваново, Липеск, Москва ва вилояти он, инчунин аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон байни ҳам рақобат менамоянд.
Дар мусобиқа варзишгарон дар вазнҳои то 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81 кг, 90 кг, 100 кг ва +100 кг рақобат намуда, ғолибон бо медал ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Лозим ба таъкид аст, ки ин намуди мусобиқаи варзишӣ маротибаи сеюм дар соли 2026 баргузор мегардад ва дар назар аст, ки дар оянда боз доир карда шавад.
АКС: АМИТ “Ховар”








БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд






