Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид

Апрель 2, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак пурра иҷро гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  хабар медиҳад.

Зимни маросими гусели даъватшавандагон масъулин аз аҳамияти хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва ватандӯстӣ ёдовар шуда, ба ҷавонон барои хизмати содиқона барору комёбӣ орзу карданд.

Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар  ҷавон қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ буда, дар тарбияи насли солим ва ҳифзи амнияти давлат нақши муҳим мебозад.

«Бо иҷрои пурраи нақша дар рӯзи якум шаҳри Норак бори дигар собит намуд, ки ҷавононаш дорои руҳияи баланди ватандӯстӣ буда, дар ҳифзи марзу буми мамлакат содиқона саҳм мегузоранд», – гуфта шуд зимни маросими гусели даъватшавандагон.

Иброз гардид, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сол ба сол беҳтар гардида, барои сарбозон тамоми имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷавононе, ки ихтиёрӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳр ҳозир шуданд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Апрель 2, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид