Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 13 апрел дар шаҳри Тошканд ба анҷом расид, ғолиб омад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи наврасони Тоҷикистон бо ҳамтоёнашон аз Узбекистон мусовӣ – 0:0 бозӣ карданд. Қаблан дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон тимҳои Туркманистон (5:1), Қирғизистон (4:0) ва Афғонистон (3:2)-ро мағлуб карда буд.
Ҳамин тариқ, наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо касби 10 имтиёз зинаи аввалро ишғол карда, ғолиби Чемпионати CAFA-2026 шуданд. Медалҳои нуқраро тими Узбекистон бо 8 имтиёз ва медалҳои биринҷиро Қирғизистон бо 6 имтиёз соҳиб шуданд.
Ин бори панҷум аст, ки дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ғолиб меояд. Наврасони мо қаблан солҳои 2019, 2022, 2023 ва 2025 дар мусобиқаи CAFA ғолиб омада буданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






