Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ғолиби Мусобиқаи байналмилалии «The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар даври ниҳоӣ дастаи мо бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозӣ кард. Бозӣ дар варзишгоҳи «Golden Jubilee Stadium»-и Юпия доир гашта, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Тоҷикистон ба анҷом расид. Қаблан дар даври аввал дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон Бутанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда буд.
Ҳамин тариқ, бо ду пирӯзӣ дар ду бозӣ дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон ҷойи якумро ишғол карда, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






