Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд

Апрель 28, 2026 15:10

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷумҳурии Қазоқистон байни  хизматчиёни ҳарбии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди гӯштини самбо ва кураши қазоқӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон 11 дастпарвари Клуби марказии варзишии «Артиш» – и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарони тоҷик соҳиби 11 медал, аз ҷумла 1 медали тилло, 2 нуқра ва 8 медали биринҷӣ шуданд.

Мусобиқа дар доираи Спартакиадаи 17-уми кишварҳои дӯст доир шуд. Дар он 70 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Ҳадафи мусобиқа таҳким бахшидани равобити дӯстӣ ва баланд бардоштани маҳорати варзишӣ байни хизматчиёни низомии мамлакатҳои дӯст арзёбӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Клуби марказии варзишии «Артиш» фаъолият мекунад, ки дар он афсарону сарбозон машқу тамрин менамоянд. Онҳо дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатро чандин маротиба боло бардоштаанд.

Чанде пеш дар назди клуб  се дастаи нави футбол: Клуби варзишии Артиши «Хатлон», «Суғд» ва  «Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ» таъсис дода шуд. Дар ин дастаҳо на танҳо афсарону варзишгарон, балки сарбозони қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ метавонанд бозӣ кунанд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2026 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд