Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Апрель 30, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Форуми амниятии Осиёи Марказӣ  дар мавзуи «Низоми амнияти Осиёи Марказӣ: нигарониҳо, таҳдидҳои муосир ва зарфияти стратегӣ» дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Форум бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Намояндагии минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шудааст.

Дар оғози форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки иштироки намояндагони муассисаҳои таҳқиқоти стратегии назди президентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҷомеаи коршиносон, ташкилоту фондҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои гуногун дар ин форуми сатҳи баланд нишонаи равшани таваҷҷуҳи рӯзафзун ба масъалаҳои амнияти минтақа мебошад.

Дар форум  масъалаҳо оид ба хатарҳо ва имконоти дохилиминтақавӣ ва фароминтақавӣ, ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва нақлиётӣ-транзитии таъмини амният, инчунин дурнамои имконияти стратегии минтақа мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Кори форум баъд аз ҷаласаи ифтитоҳӣ дар чор бахши алоҳида то бегоҳ идома меёбад.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои форум барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ, коҳиш додани таҳдидҳо ва истифодаи самараноки имконоти мавҷуда тавсияҳои амалӣ таҳия карда шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 30, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд