ДУШАНБЕ — НИГИНИ КИШВАРИ ОФТОБИИ ТОҶИКОН. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бахшида мешавад

Апрель 13, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Баъди таҷлили бошукуҳи Рӯзи Модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз сокинони мамлакатро табъи идона тарк нагуфтаю бо ҳамин хотири шод Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шанбеи сеюми моҳи апрел бо тантана ва шукуҳи тоза истиқбол мегиранд.

Бар ин назар ҳастам, ки ҷашни Рӯзи пойтахт бо идҳои дигар дар як мақом қарор дорад, зеро агар миллат соҳиби давлату пойтахт набошад, на ормонҳои миллиашро татбиқ карда метавонад ва на ҳувияташро ҳифз менамояд. Инро дар таърихи миллатҳо ҷуз бадбахтӣ дигар чизе наметавон арёзбӣ кард.

Мо миллати хушбахту саодатмандем, ки Ватан дорем ва онро беҳтарин неъмат медонему барои ҳифзу шукуфоияш зери роҳбарии фарзонафарзанди миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳастиашонро барои саодатманд гардонидани миллат ва таҳким ёфтани пояҳои давлати навини бунёдгузоштаашон бахшидаанд, софдилонаю содиқона саъю талош дорем.

Шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ, маркази илму фарҳанг ва дорои инфрасохтори пешрафтаи муосир рисолати муаррифии давлату миллатро бар дӯш дорад. Ҳар меҳмоне, ки вориди пойтахти давлатамон мегардад, бо тамошои он ва мушоҳидаи рафтору гуфтору кирдори сокинонаш ба фарҳанги миллӣ, сатҳи иқтисоду иҷтимоъ ва илму адаби миллати мо дар маҷмуъ баҳо медиҳад.

Аз ин ҷост, ки шаҳри Душанберо оинаи рӯшани давлату миллати тоҷик мехонанду ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бояд инро ба эътибор гирад. Маҳз ба ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём  ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025 барои боз ҳам рушд ёфтани инфрасохтори пойтахти азизамон чунин ишора намуданд: «Дар пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имконияти муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад».

Ҳамзамон дастур дода шуд, ки барои дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2026 иброз намуданд, ки «боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.

Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем».

Бо назардошти ин гуфтаҳою арҷгузорӣ ба суннату анъанаҳои ҷовидонаи Наврӯз ва истифодаи он барои тарбияи наслҳои оянда дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.

Ҳарчанд ки таърихи Душанбе реша дар умқи ҳазорсолаҳои пешин дорад, аммо маҳз ба баракати соҳибистиқлолӣ, рафъи нооромиҳои дохилӣ, ҳукмфармо гардидани фазои сулҳу суботу оромиву осудагӣ рӯ ба рушду густариш ниҳод ва тадриҷан ба шаҳри муосири дорои инфрасохтори пешрафта табдил ёфт.

Онҳое, ки шоҳиди нооромиҳои дохилии даҳаи охири садсолаи гузашта буданд, хуб медонанд, ки хонаи умеди тоҷикони дунё дар чӣ ҳолат қарор дошт. Ҳама гуна баҳогузорӣ бо қиёс амалӣ мешавад ва ин холисонаву воқеъбинона аст.

Агар мо ҳолати имрӯзаи шаҳри Душанберо бо солҳои навадуми асри гузашта, ки он вақт донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин будам, муқоиса намоем, тафовут аз замин то самост.

Он рӯзҳои ҳар лаҳзааш фалокатзо ҳатто тасаввур карда намешуд, ки сулҳу оромӣ ҳукмфармо мегардаду шаҳри азизи мо дар муддати начандон тӯлонӣ пешрафтаю шукуфо мегардад. Ҳамааш бо шарофати саъю талоши беназир, сиёсати дурусти пешгирифта ва ояндабинии Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид ва ин хизмати бузургу бесобиқаи Сарвари давлат дар китоби таърихи миллати шарафманди тоҷик ва давлатдории навинамон бо хатҳои зарин сабт гардидааст.

Маҳз ҳифз гардидани соҳибистиқлолии давлат, ки барои ҳар миллат беҳтарин неъмат аст, имкон фароҳам овард, ки симои шаҳри азизи мо ба таври бесобиқа тағйир ёфта, ободтару зеботару диданитару дӯстдоштанитар гардад.

Ҳарчанд ободкориҳою созандагиҳо бо рафъи норомиҳои дохилӣ дар ибтидои асри ХХ1 оғоз ёфта бошанд ҳам, ин раванд дар даҳсолаи охир суръати тоза касб намуд.

Бунёду навсозии роҳҳову ҷодаҳо, садҳо биноҳои маъмуриву фарҳангию таълимӣ, китобхонаҳҳо, кохҳои варзишӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хидматрасонӣ, боғҳову гулгаштҳои зебо, майдончаҳои варзишӣ ва воридсозии ҳазорҳо василаҳои гуногуни нақлиётӣ пойтахти мамлакатро дар минтақа ба зеботарин шаҳр табдил доданд.

Маҳз бо саъю талоши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар даҳ соли охир садҳо иншооти таъйиноти гуногун бунёд ёфт, роҳҳои мавриди истифода аз нав таъмиру тармим гардида, роҳҳои иловагии ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сохта шуданд, бо вурудсозии садҳо автобусу электробус ва мавриди хизмати сокинони пойтахт қарор додани ҳазорҳо электромобил хизматрасонии нақлиётӣ ба мусофирон ба низом даромада, бо ташкили хатсайрҳои нав беҳтару хубтар шуд, истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ таъмиру навсозӣ гардида, ба талаботи муосир мувофиқ гардонида шуданд, тозагиву озодагии пойтахт таъмин гардид ва тартибу низом қавитар шуда, Душанбе ба шаҳри амн табдил ёфт. Ин баҳодиҳӣ аз сӯйи созмонҳои ҷаҳонии пажӯҳишии масъалаи марбут эътироф ёфт, ки барои мо ҳам боиси шукргузорӣ ва ҳам ифтихор аст.

Имрӯз шаҳри зебои Душанбе на танҳо маркази маъмурию идоракунии давлатӣ, балки маконест, ки маҳз дар он рушди бештари тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ – иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тиб, маориф, фарҳанг, варзиш ва ғайра ба нақша гирифта мешавад.

Яъне, тарҳу барномарезии ояндаи пурсаодати Тоҷикистон аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Дашанбе бо китобхонаҳо, осорхонаҳо, пайкараҳои бузургон ва рамзҳои худ дар гулгашту хиёбонҳову майдонҳо таърихи пурғановати миллати моро барои меҳмонон бозгӯйӣ месозад ва маҳз аз ҳамин ҷо ҳифзи фарҳангу суннатҳои миллӣ ва муаррифии онҳо оғоз меёбаду фарохтар мунташир мегардад. Дар ин ҷо анъанаҳои сирф миллӣ бо дастовардҳои ҷаҳонӣ омезиш ёфта, фазои рангини фарҳангиро ба вуҷуд овардаанд.

Пойтахти тоҷикон ба маркази баргузории нишасту конфронсу ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ, сабқатҳои варзишӣ ва намоишҳои сатҳи байналмилалии фарҳангӣ табдил ёфта, ҳазорҳо меҳмононро бо оғӯши гарм истиқбол ва бо як ҷаҳон таассуроти рангин гусел менамояд.

Бахусус ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили ҷашни сирф миллии тоҷикон, яъне Наврӯзи байналмилалӣ ҳазорҳо меҳмонон аз кишварҳои ҳамзабон ва фаротар аз он, ки намояндагони касбу кори гуногун ҳастанд, ба Тоҷикистон омада, бо фарҳангу таъриху суннатҳои мо аз наздик ошноӣ пайдо намуда, аз тамошои манзараҳои зебои пойтахти азизамон баҳра бурда, бо таассуроти неку рангин бозпас мераванд.

Имрӯз ҷаҳониён шаҳри Душанберо ҳамчун шаҳри амн, шаҳри сабз, шаҳри дӯстӣ, маркази кишвари офтобӣ, дарвозаи Тоҷикистон ба ҷаҳон ва намунаи олии ҳамзистии осоиштаи мардумони гуногун мешиносанд, ки ин барои мо боиси ифтихору сарфарозист.

Рушду пешравии чашмгири Душанбе бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайгиронаи Раиси шаҳри Душанбе ба мо муяссар гардидааст.

Маҳз аз роҳи татбиқи барномаҳои созандагиву ободонӣ шаҳри азизамон рӯз аз рӯз зеботару ободтар ва шароити зисту фаъолият барои сокинон беҳтар мегардад.

Дар фарҷом мехоҳам бо ифтихору сарфарозӣ ба ҳама сокинон ва меҳмонону дӯстдорони Душанбе саодату комёбӣ ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу оромии пойдор орзу намоям.

Барно САИДВАЛИЗОДА,
раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Апрель 13, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд