ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАРИ ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ ДАР ҚАРИНАИ СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУОСИР. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад

Апрель 28, 2026 14:18

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва тамоми мулоқоту суханрониҳо ба таъкид иброз менамоянд, ки «мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар роҳи муаррифии давлату миллати худ ва шиносонидани дастовардҳои таърихию муосир талошу кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем».

–Давлатдории тоҷикон, ки яке аз куҳантарин мактаби давлатдорӣ дар дунё ба ҳисоб  меравад ва дар таълифоти сиёсию идеологӣ ва геополиткии асри XX  ва XXI  мавқеи асосӣ дорад.

Раванди худшиносӣ бо ба даст овардани истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон шахсиятеро  дар чунин вазъи ҳассосу нигаронкунанда рӯйи кор овард, ки миллатро аз маҳву нобудӣ наҷот бахшид ва дар баробари чунин ҳаросафканону таҳрифгарони дороиҳои миллати куҳанбунёд бо ҷасорати худ ба руҳи тасхирнопазири тоҷик ва тоҷикон нафаси тоза бахшид. Ин шахсияти нотакрори миллати мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ибтидои маснаднишинии худ дар баробари сиёсатбозии идеологияҳои тамомиятхоҳ истодагарӣ намуда, ба онҳо ҷавоби сангин ва дандоншикан медоданд. Аз тарафи дигар, эҳёи суннату анъанаҳои давлатдории миллии моро, ки аз тарафи душманони миллат ба  ҳадди нобудӣ оварда расонида буданд, аз нав барқарор ва таҳким мебахшиданд.

Баъди гузашти 35 соли кору пайкор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба яке аз абармардони сиёсии дохилию минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтанд, ки мактаби давлатдории миллии моро аз нав эҳё ва дар амалияи давлату миллатсозӣ татбиқ карданд. Яке аз унсурҳои муҳимми он дипломатияи миллии мо, тоҷикон мебошад.

Аслҳои дипломатияи миллӣ арзишҳо, қонунмандиҳо, қоидаҳо ва русуму анъанаҳои гузаштаю имрӯзи сиёсати дохилию хориҷии тоҷикон мебошад, ки мавҷудияти давлати миллии моро, аз як ҷониб, ҳифз карда,  аз ҷониби дигар, дар қаринаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақили сиёсӣ таҳкиму густариш мебахшанд. Дар ин замина, дипломатияи миллии мо реша дар таърихи бисёрҳазорсолаи давлатдорӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва хиради азалии тоҷикон дорад, ки дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ бо шаклҳои гуногун зуҳур карда, мавҷудияти худро то имрӯз ҳифз ва густариш додааст. Ин дипломатия на танҳо бар манфиатҳои сиёсӣ, балки бар арзишҳои ахлоқӣ ва маънавӣ асос ёфтааст. Дипломатияи шарқӣ бар ахлоқи шоиста ва маънавият асос ёфта, арзишҳои ахлоқӣ таҳкимбахши муносибатҳои иҷтимоиро ташкил медоданд, ки манфиати ҷонибҳоро ифода карда, ба ҷанбаи инсонмеҳварӣ авлавият мебахшанд.

Бо ибтикороти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  давоми 35 соли Истиқлол сиёсати хориҷӣ таҳким ва густариш ёфт. Баъди ба даст овардани истиқлолият ва рӯ ба рӯ бо ҷанги дохилӣ яке аз масъалаҳои муҳиме, ки муносибатҳои моро бо кишварҳои хориҷӣ таҳким ва густариш бахшид, кор гирифтан аз усули гуфтушунид дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар дохили мамлакат ба ҳисоб мерафт. Яке аз аслҳое, ки дар ин раванд ҳамчун меъёри асосии дипломатияи муосири тоҷик аз тарафи Пешвои миллат ба роҳ монда шуда, татбиқи амалиро пайдо кард, асли таҳаммулпазирӣ ва созиш ба ҳисоб меравад, ки бо номи таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳон ҳаммонанд надорад. Таърихи сулҳи тоҷикон ин арзишро ба модели ҷаҳонӣ табдил дод. Хиради сулҳофаринии Пешвои миллат бо ба кор гирифтани қобилияти гузашт кардан ба хотири манофеи миллӣ, афзалият додани гуфтушунид бар ҷанг ва низоъ, ваҳдати сартосарӣ дар дохили мамлакат дар ҷомеаи тоҷик сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд овард, ки яке аз асосҳои давлатдории миллии моро ташкил дода, минбаъд дар муноқишаҳо низ чунин принсипҳо мавриди корбарӣ қарор гирифтанд.

Дар ибтидои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ки раванди ҳассос ва тақдирсоз буд, муносибат бо кишварҳои хориҷӣ яке аз авлавияти дигаре шуморида мешуд, ки муайянкунандаи ояндаи давлат ва миллати мо ба ҳисоб мерафт, то аз тарафи кишварҳои дуру наздик пазируфта шавад ва кишварро бунёд намуда, мақомашро устувор гардонад. Ин тадбир  бо  ду роҳ амалӣ гашт, ки авлавият додан ба сиёсати некӯҳамсоягӣ ва сониян ба кор гирифтани консепсияи сиёсати «дарҳои боз» мебошад. Ин арзиши марказии дипломатияи муосири Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат муаррифӣ шудааст. Асоси онро омодагӣ барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон дар асоси эҳтироми мутақобил ва ҳадафи онро эҷоди мувозинат дар муносибат бо қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, меҳмоннавозӣ ба унвони унсури фарҳангӣ ё дипломатияи мардумии миллати тоҷик рукни асосии расму русуми шарқӣ мебошад. Он на танҳо бо оростани дастурхони босаховат, балки бо фароҳам овардани муҳити орому боэътимод ифода меёбад. Дар дипломатияи тоҷикӣ «намакшиносӣ» ва «эҳтироми нону намак» ҳамчун кафолати садоқат ва дӯстии дарозмуддат пазируфта мешавад, ки чунин усулро мо дар тамоми сафарҳои дохилию байналмилалии Пешвои миллат ва нишасту вохӯриҳои дохилию байналмилалӣ мушоҳида менамоем.

Дар ниҳоят, дипломатияи миллии тоҷик омезиши арзишҳои умумибашарӣ ва суннатҳои ҳазорсолаи ниёгон аст, ки дар он инсонгароӣ ва наҷобат меъёри асосии муваффақият дар равобити байналмилалӣ дониста мешаванд.

Ёрмаҳмад НИЁЗӢ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа

Апрель 28, 2026 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ҳалли ин масъала нақши муҳим дорад
Раҳмон Исломиддин: «Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба обу иқлим ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мусоидат менамоянд»
ЗАРФИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ УСТУВОР. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад
«ЗАМИН ХОНАИ ЯГОНАИ МОСТ – ОНРО ДӮСТ ДОРЕМ! ». Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии Замин
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст